ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид.
Вохӯрии навбатӣ аз 20 ноябр то 26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҷонибҳо дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, корҳоро оид ба тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон идома медиҳанд.
Қайд карда шудааст, ки ҳайатҳои расмӣ дар анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
КДАМ таъкид кардааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев масоили таъйини марзи муштаракро баррасӣ карданд.
Онҳо ҳамраисҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд.
Музокирот дар Бӯстони вилояти Суғд сурат гирифт.
Дар натиҷа, тасмим гирифта шуд, ки ҷонибҳо барои муайян кардани сарҳад дар минтақаҳои боқимонда корҳоро идома диҳанд.
Сарони ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои делимитатсияи сарҳади муштаракро баррасӣ намуда, "ба гурӯҳҳои корӣ <...> супоришҳои мушаххас доданд, то корҳоро оид ба муайян кардани мавқеъи хатти марзии ду давлат дар қисматҳои боқимонда идома диҳанд."
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.