ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон Юшию Юнг дар мусоҳиба бо расонаҳо афзуд, ки бо талошҳои Чин, имкони таъомули кишварҳои ҳамсоя ва минтақа бо гурӯҳи Толибон* ба вуҷуд омадааст, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
“Кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мехоҳанд мунсаҷим шаванд ва бо Афғонистон бар бунёди асли эҳтироми мутақобил ҳамкорӣ кунанд”, - афзуд вай.
Намояндаи вижаи Чин барои Афғонистон таъкид кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо гурӯҳи Толибон* дар Кобул вориди таъомул шавад.
Намояндаи вижа изофа кард, ки нигаронии бархе кишварҳо аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон метавонад ба равобити Кобул бо ин кишварҳо осеб бизанд, аз ин рӯ Чин бар ҳали ин масъала ба гунае, ки ризояти кишварҳо ҳосил шавад таъкид мекунад.

Юшию Юнг ҳамчунин бо ишора ба танишҳо миёни Кобул ва Исломобод афзуд, ки мо сиёсати мушобеҳ нисбат ба Афғонистон ва Покистон дорем ва он, сохтани ояндае беҳтару муштарак барои ин минтақа аст то ба субот, сулҳ, бозсозӣ ва рифоҳ даст ёбем.
“Мо муътақидем, ки ҳар ду кишвар бидуни мудохилаи кишвари сеюм, метавонанд мушкилоташонро ҳал кунанд”, - гуфт ӯ.
Давлати Чин аз ибтидое рӯи кор омадани ҳукумати Толибон* дар Афғонистон, равобити мусбатеро бо ин гурӯҳ бар қарор кард ва аввалин кишваре буд, ки сафири толибонро ба таври расмӣ пазируфт.
*-Гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.