“Бо роҳи оҳан”: Тоҷикистон дар масири Уқёнуси Ҳинд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз шуруъи марҳалаи мутолиоти имконсанҷии роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён шуруъ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ин тарҳ Тоҷикистонро тариқи Афғонистону Эрон ва Покистон бо Уқёнуси Ҳинд тариқи роҳи оҳан пайванд хоҳад дод.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тарҳи мазкур аз марҳалаи баррасиву музокирот ба марҳалаи Мутолиоти имконсанҷӣ ё Арзёбии иқтисодиву техникӣ (ТЭО) убур карда, дар ҳоли ҳозир нахустин гомҳо бардошта мешаванд.
“Аз ҷумла, мутахассисони мо дар ҳоли анҷом додани корҳои техникӣ, назири аксбардории топографии маҳал ҳастанд. Ҳанӯз кор зиёд аст. Мо дар шуруъи ҳар чӣ сареъи иҷрои тарҳ манфиатдор ҳастем”, - гуфт Азим Иброҳим.
Тарҳи “Сохтмони роҳи оҳани Ҷалолуддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён” ҳанӯз аз даҳ соли қабл рӯи мизи мақомоти Тоҷикистон қарор дорад. Дар соли 2022 ин кишвар бо Эксимбонк, бонки содиротию воридотии Кореяи Ҷанубӣ сари сармоягузории тарҳ ба тавофуқ расида буд.
Ҳамон сол барои баррасии сармоягузории Мутолаоти имконсанҷӣ ё Арзёбии техникӣ-иқтисодии тарҳ гурӯҳи махсуси Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (КОIСА) вориди Тоҷикистон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфт дар 33 сол чӣ қадар роҳ, пул, нақб ва роҳи оҳан сохта шудааст
Соли 2024 миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва КОИКА Ёддошти тафоҳум сари Мутолаоти имконсанҷии тарҳ ба имзо расид. Агентии куриёӣ ба ҷуз сармоягузорӣ, баргузории курсҳои такмили ихтисос барои мутахассисони тоҷикро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Корея ба уҳда гирифт.
Арзиши умумии Арзёбии техникиву иқтисодӣ ва таҳияи тарҳ 4 миллион доллар ҳисоб шуда, дарозии хати роҳи оҳан то марзи Афғонистон 51 километрро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон дар масири он 28 пулу пулча сохта ва 160 қубури обгузар насб хоҳад шуд.
Суҳроби Нурулло, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз роҳандозии тарҳ пайвастани Тоҷикистон ба Уқёнуси Ҳинд ва кишварҳои ҷануб тариқи роҳи оҳан аст.
“Амалӣ кардани ин тарҳ Тоҷикистонро на фақат ба як кишвари транзитӣ тариқи роҳҳои заминӣ, балки тариқи роҳи оҳан низ табдил медиҳад. Интизори мо аз иҷрои ин қабил тарҳҳо рушди тиҷорату иқтисоди кишвар аст”, - гуфт Суҳроби Нурулло.
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон монанди дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳи обие, ки ҷаҳон ва иқтисодҳои бузургро ба ҳам пайванд медиҳад, маҳз он чизе, ки рушди тиҷорату иқтисодро ҳамвор месозад, дастрасӣ надорад.
Тоҷикистон ба бозори Покистону Ҳинд роҳ меёбад: Бунёди роҳи оҳан то сарҳади Афғонистон
Раҷаби Мирзо, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, уқёнусҳо аз омилҳои муҳимтарини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳое маҳсуб мешавад, ки ба онҳо дастрасӣ доранд.
“Аксари кишварҳои аврупоиву осиёӣ, ки дар онҳо роҳҳои обӣ бар заминӣ бартарӣ доранд, иқтисодиёти устуворро ба вуҷуд овардаанд ва ин омил мӯҷиби болоравии сатҳи зиндагиву иҷтимоъ шудааст. Дар аксари онҳо Маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ на камтар аз 20-30 ҳазор доллар аст. Аз як сӯ, танзими сиёсатҳои иқтисодии дохилӣ бошад, аз сӯи дигар маҳз роҳҳои обӣ буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд, ки онҳо тавонистанд сиёсатҳои хориҷии иқтисодии худро пиёда кунанд”, - гуфт Раҷаби Мирзо.
Вай афзуд, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузашта минҳайси кишварҳои калидии тиҷорат дар Роҳи Абрешим аҳамияти иқтисодӣ доштанд, аз ин хотир, рушд мекарданд ва ҳоло ба назар мерасад, нақши давлатҳои транзитӣ дигарбора барои онҳо ҷиҳати табодули молу маҳсулот ҳам миёни Чину Аврупо ва ҳам Русияву Осиёи Ҷанубӣ бармегардад.
Иддаи дигар аз коршиносон бар инанд, ки дар дурнамо Тоҷикистон дар рушди иқтисодии худ бештарин такяро бар рушди саноат, аз ҷумла соҳаи куҳкорӣ ва маодини нодир, кардааст ва содироти тавлидот тариқи роҳҳои оҳан содатар ва аз нигоҳи замонӣ мувофиқтар аст.
Чин се ноҳияи Суғдро бо роҳи оҳан мепайвандад
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 150 соли қабл, ки низоми ҷаҳонии роҳи оҳан ба вуҷуд омад, Тоҷикистон фақат аз масири Ӯзбекистон бо Туркманистон ва Қазоқистону Русияву Аврупо пайваста буд ва қисматҳои кӯҳистонӣ, ки хазинаи бузурги маодини зеризаминӣ ба ҳисоб мераванд, аз он маҳрум буданд.
“Ҳол бо тағйир ёфтани вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба Ҷануби Ҷаҳонӣ руҷуъ кардани Русия ва Чин, ду ҳамкори иқтисодии умдаи Тоҷикистон, бахусус, дар самти истихроҷи маодин, зарурат ба эҷоди роҳҳои оҳан ба вуҷуд омадааст. Дар як калом, Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи уқёнуси Ҳинд бо як барномаи муштараки минтақаӣ ҳамгом ҳаракат мекунад”, - гуфт Абдуғанӣ Муҳаммадазимов.
Ҳоло дар Осиё 16 давлат - Ҳиндустон, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Мянма, Малайзия, Умон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Таиланд ва Арабистони Саудӣ - ба Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ доранд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳам мегӯянд, ки ин кишвар бо ҳамроҳ шудан ба долони байналмилалии мултимодалии “Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо” тавассути бандарҳо, қабл аз ҳама бандари “Чабаҳор” – и Эрон ба Уқёнуси Ҳинд роҳ хоҳад ёфт.
Ёддошти ҳусни тафоҳум сари ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тариқи бандари "Чабаҳор" миёни Тоҷикистон ва Эрон ҳанӯз ноябри соли 2023 дар ҳузури сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ - ба имзо расида буд.