ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ба таври қобили мулоҳиза поин меравад.
Ба гузориши танзимгари асъор, ҳоло 1000 рубл 103,8 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд бо қимати 105,4 харид.
Қурби доллар бошад, тадриҷан беист боло меравад. Ҳамин тавр, агар ду рӯз қабл як доллар 10,6671 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 10,6696 сомонӣ арзиш дорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.1252 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11.2271 сомонӣ қимат дошт.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.