Роҳмаймоӣ аз майдони Истиқлол бо зинапояҳои Осорхонаи миллӣ то майдони Парчами давлатӣ идома ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор нафар афроди касбу кори гуногун ширкат доштанд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки дар чорабини ҳузур дошт, хабар дод ва ҷолибтарин лаҳзаҳоро навор гирифт.
Дар Майдони парчами давлатӣ бо ташаббуси ҳукумати шаҳр чорабинии тантанавию фарҳангӣ доир гардид.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад.
Парчами Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул шуда, соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон дар он сол бо баландии 165 метр ва паҳноии 60 бар 30 қомат афрохт.