Бо таҳқиру озор дар мактаб чӣ гуна бояд мубориза бурд? Мутахассисони рус посух медиҳанд

Равоншиносон мегӯянд, беҳтарин роҳи пешгирӣ ва ҳифозат аз таҳқиру озор барои мактаббачагон дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо дастгирии волидони онҳо мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Таҷовузи ҷисмонӣ ва равонии кӯдакону наврасон дар мактабҳо, ки он бо истилоҳи ғарбии “буллинг” маъмул аст, дар Тоҷикистон низ ба мисли кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Русия ва Амрико як мушкили густарда аст.
Мушкилот дар он аст, ки дар Тоҷикистон ошкоро сари он баҳс намекунанд. Баъзеҳо намехоҳанд, ки гап аз хона берун равад ва аз "гапи мардум" метарсанд. Баъзе одамон муноқишаҳоро на ба таври мунтазам ва пешгирикунанда, балки ба таври инфиродӣ - бо вохӯрии рӯ ба рӯ бо муаллим ё волидони озордеҳ ҳал карданро афзал медонанд. Ва баъзеҳо ҳатто озору таҳқирро як унсури муфиди низоми таълимӣ медонанд. Ба қавле ки гӯё, бигзор кӯдак худро муҳофизат кардан ёд гирад ва ба он одат кунад, ки зиндагӣ душвор аст.
Аммо дар кишвар теъдоди волидайн ва ҳатто омӯзгороне, ки чашм пӯшидан аз озори ҷисмонӣ ва равонӣ дар мактабро ғайриқобили қабул медонанд, ба тадриҷ меафзояд. Махсус барои онҳо, тобистони соли 2024 Вазорати маорифи Тоҷикистон дастури методӣ оид ба пешгирӣ ва ҷилавгирӣ аз озору таҳкир қабул кард.
Русия ба як мактаб дар Хуҷанд беш аз ҳазор китоб ҳадя кард
Моҳи ноябр бошад бо дастгирии Россотрудничество равоншиносони касбӣ, сармутахассиси барномаи "Bulling NET" Мария Афонина ва мутахассиси барномаҳои "Ҳар кас муҳим" ва "Падарон бар зидди таҳқир" Игор Мейнгардт барои волидон ва муаллимони шаҳри Душанбе бо маърӯзаҳо баромад карданд. Ва дар рафти маърӯзаҳо онҳо чанд тавсияи оддӣ, вале муҳимро оид ба пешгирй кардани озору таҳқир доданд.

Оиди мушкилот бояд сухан гуфт

Ба гуфтаи равоншиносон, беҳтарин роҳи мубориза бо таҳқир пешгирии он аст. Муҳим аст, ки ба кӯдак равшан ва возеҳ фаҳмонед, ки озору зӯроварӣ, хоҳ ҷисмонӣ бошад,хоҳ равонӣ, ин ҳолати ғайримуқаррарӣ аст. Бояд донад, ки ҷабрдида гунаҳкор нест ва ташвиқ кардани чунин рафтор нодуруст аст. Ва андешаи дигарон, "гапи мардум"-и маъруф дар ин маврид аҳамият надорад.
Аммо мушкили асосӣ дар ин ҷо эътимод ба пирон ва тарс аз оқибатҳои он аст. Мутахассисон оид ба рафтори кӯдакон ҳамеша ба он диққат медиҳанд, ки кӯдакон эҳтиёҷ ба ҳисси мансубият ба ягон гурӯҳро доранд. Ва яке аз роҳҳои муттаҳидшавии хеле маъмул ва ҳамзамон носолим - "дӯстӣ" алайҳи нафари дигар аст.
Дар ин ҳолат, ҳатто агар худи кӯдак дар мактабе, ки чунин рафтор он ҷо муқаррарӣ аст, ҳадафи таҳқир қарор нагирифта бошад ҳам, аз тарси он, ки қурбонии навбатии озордиҳандагон шавад, метавонад шоҳиди хомӯш ва ҳатто шарики ин кор шавад.
Дар Русия имкон аст, русидонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактаб имтиҳон шавад
Даъват кардани мактаббачагони хурдсол барои сӯҳбати самимӣ нисбатан осон аст, аммо вақте ки сухан дар бораи наврасон меравад, аксари онҳо аз тарси рад шудан аз гурӯҳ ва нобоварӣ ба волидайни худашон аз сӯҳбат даст мекашанд.
Дар ин ҳолат, Мария Афонина тавсия медиҳад, ки волидоне, ки аз хондани кӯдакаш дар мактаб дар ташвишанд, мунтазам аз усули "суҳбатҳои хурд" истифода баранд. Яъне дар интернет ва ё телевизор қиссаеро дар бораи таҳқир бубинед ва бипурсед, ки оё дар мактабатон чунин ҳодисаҳо рӯй медиҳанд? Ва агар чунин бошад, хоҳиш кунед, ки ба оилааш дар ин бора нақл кунад.
Аммо равоншиносон таъкид мекунанд, ки барои як сӯҳбати самимӣ, пеш аз ҳама, эътимоди кӯдак аст, ки танҳо дар сурате имконпазир аст, ки волидайн қаблан нисбат ба ӯ бетараф набуданд ва саволҳову мушкилоти ӯро нодида нагирифтанд. Зеро бар асоси як пажӯҳиши барномаи “Буллинг NET”, тақрибан 42% волидайн ҳатто дарк намекунанд, ки фарзандашон мавриди таҳқир қарор мегирад ва кӯдакону наврасон ба далели нобоварӣ ба калонсолон маҷбур мешаванд, ки бо ин мушкил худашон кордор шаванд, аммо ин метавонад ба оқибатҳои хеле ғамангез оварда расонад.

Ором шавед ва вазъиятро бодиққат фаҳмед

Ҳатто агар волидайн ҳикояи кӯдакро бодиққат гӯш карда бошанд ва омода бошанд, ки самимона ӯро ҳимоят кунанд, коршиносон тавсия медиҳанд, ки қадамҳои минбаъдаро танҳо андешамандона анҷом диҳанд.
Раҳмон гуфт, дар соли 2024 ба соҳаи маориф чӣ қадар пул равона шудааст
Дар акси ҳол, ғазаби модар ё падар метавонад ба самти нодуруст равона шавад ва вазъиятро боз ҳам бадтар кунад, агар ҳамсолони кӯдак дигар ӯро хабаркаш номанд. Ва кӯдаке, ки фикр кунад, ки волидайнаш ӯро дар назди мардум шарманда карданд, метавонад мушкилоташро пинҳон кунад ва аз мубодилаи мушкилот дар оила даст кашад.
Пеш аз ҳама, таҳқирро аз низоъ дар коллектив фарқ кардан лозим аст. Дар сурати ба миён омадани низоъ тарафҳо баробаранд ва нуқтаи назари худро, асоснок ё не, ҳимоя мекунанд. Тарафҳои даргир барои вазъият тақрибан якхела масъулият доранд, ҳатто агар яке аз онҳо мехоҳад худро бегуноҳтар нишон диҳад.
Аммо дар мавриди озору таҳқир нақши ҷабрдида равшан муайян аст. Аксар вақт ин танҳо як кӯдак аст, ки ба ҳамлаҳои мунтазами гурӯҳи хурди ҳамсолон дучор мешавад ва ягон сабаби воқеӣ барои таҳқир вуҷуд надорад, танҳо сабабҳое ҳастанд, ки озордеҳ ихтироъ кардааст.
Бо вуҷуди ин, равоншиносон таъкид мекунанд, ки баъзан муноқишаҳо метавонанд воқеан ба таҳқир табдил ёбанд, хусусан агар калонсолон ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷанҷоли кӯдакон дахолат накунанд ё яке аз тарафҳоро ҷонибдорӣ кунанд. Афсӯс, ки дар Тоҷикистон воқеаҳое кам нестанд, ки оилаи камбизоат аз пардохти маблағи таъмир ё аз пардохти “дарсҳои изофӣ” даст кашид, ки пас аз он назари манфии роҳбарияти муассисаи таълимӣ ба кӯдак мегузарад, ки бо ризоияти муаллимон, барои дигар кӯдакон ҳадафи қулай мегардад.

Дастгирӣ ва муҳофизат

Дар ҳар сурат, дар асоси таҷриба дар ҳалли чунин низоъҳо, коршиносони рус пайдарпайии амалҳои зеринро тавсия медиҳанд. Аввалан, ҳолати худро арзёбӣ кунед ва ором шавед, зеро эҳсосоти нолозим дар ҳалли мушкилот мушовири бад мебошанд. Сониян, вазъиятро бодиққат омӯзед - аз кӯдак пурсед, далелҳоро ҷамъ кунед ва боварӣ ҳосил кунед, ки таҳқир вуҷуд дорад, на муноқиша.
Баҳои “2” ва “5”: дар Суғд чанд хонандаи мактаб баҳо гирифт? - шарҳи масъулини маориф
Агар сухан воқеан дар бораи таҳқир равад, пас қадами сеюм ва муҳимтарин дастгирии кӯдак аст. Ҳадафи аввалиндараҷа дар ин вазъият ҷазо додани ҷинояткорон нест, балки эҷоди эҳсоси муҳофизат ва амният аст. Ба гуфтаи равоншиносон, агар кӯдак ба таври возеҳ дарк кунад, ки бо ҷинояткорон танҳо намемонад, пуштибонии оилаашро ҳис кунад, ин аллакай нисфи мушкилотро ҳал мекунад, зеро пас аз дахолати бевоситаи волидайн ӯ боварии бештар пайдо мекунад.
Ва кӯдаконе, ки ба худ эътимод доранд ва худро танҳо эҳсос намекунанд, аз мувозинати эҳсосӣ бароварданаш ба маротиб мушкилтар мешавад ва мувофиқан, тӯъмаи осони созмондиҳандагони таҳқир намегарданд, ки худ аз худ метавонад таҳқирро боздорад.
Аммо чӣ гуна калимаҳоро метавон барои дастгирии қурбонии ҳамлаҳо истифода кард, то ки аз ҳад зиёд парастор, ё бепарво нанамоед? Равоншинос Игор Мейнгардт тавсия медиҳад, ки аввал кӯдакро гӯш кунед ва эҳсосоти ӯро мубодила кунед ("ин даҳшатнок аст"). Пас аз он муҳим аст, ки ғайримуқаррарии вазъияти ҳозираро нишон диҳед ("набояд ин тавр бошад") ва фаҳмонед, ки ҳар касе метавонад дар ҷои ҷабрдида бошад - яъне мушкилот дар худи кӯдак нест.
Баъдан, шумо бояд бигӯед ва нишон диҳед, ки шумо тамоми кӯшишро барои ҳалли мушкилот сарф мекунед, кӯдакро дар бораи амалҳои минбаъдаатон огоҳ кунед, кӯшиш кунед, ки ба ӯ малакаҳои рафтори боваринок, радкунии лафзӣ ва дар ҳолати зарурӣ муҳофизат карданашро омӯзед.
Вазири маориф аз норасоии 2500 омӯзгор дар мактабҳо хабар дод
Ва танҳо пас аз ин шумо бояд ба муаллимон ва роҳбарияти мактаб муроҷиат кунед. Аввалан, бо роҳбари синф дар тамос шавед, ба ӯ далелҳои маълумро нақл кунед ва агар волидон ӯро шахсан мешиносанд ва ба таҷрибаи ӯ ба қадри кофӣ эътимод дошта бошанд, аз ӯ хоҳиш кунед, ки барои боздоштани таҳқиру озори писар ё духтараш чораҳо андешад.
Сипас, мунтазам - масалан, ҳафтае як маротиба бо волидайн тафтиш кунед, ки чӣ гуна корҳои пешгирӣ гузаронида мешаванд ва ҳамзамон дар кӯдакатон эътимод ба худ ва малакаҳои муҳофизатии шифоҳиро мустаҳкам кунед.
Агар аз байн 2-3 ҳафта гузашта бошаду ягон чорае андешида нашавад, бо директор сӯҳбат кунед ва агар лозим бошад, ба Вазорати маориф, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё дар ҳолатҳои махсусан вазнин, ҳатто ба прокуратура муроҷиат кунед.

Чӣ бояд кард, агар ташкилотчии таҳқир муаллим бошад?

Мутаассифона, вазъиятҳое, ки муаллим сабабгори таҳқиру озор нисбати шогирд мешавад, огоҳона ё не, дигаронро ба ин кор таҳрик медиҳад, он қадар кам нестанд. Сабабҳои зиёд метавонанд вуҷуд дошта бошанд - хастагии ҷамъшудаи муаллим, ноӯҳдабароии оддӣ ё хоҳиши гирифтани аламаш аз "тобеъи" шартии худ бошад.
Мактаби русӣ-тоҷикӣ дар Душанбе соҳиби кванториум ё парки технологӣ шуд - видео
Ва агар ҳангоми сӯҳбат бо кӯдак маълум шавад, ки ин муносибати муназзами муаллим аст, на як озори эҳсосии калонсоли авбош, пас ҳам Мария Афонина ва ҳам Игор Мейнгардт дар ин ҳолат ба таври возеҳ маслиҳат медиҳанд, ки ба писар ё духтар фаҳмондан лозим, ки таҷовузи лафзӣ натиҷаи нотавон будани омӯзгори калонсол аст, на айби онҳо, ҳатто агар муаллим кўдакро барои ин бовар кунондан ва айбдор карданӣ шавад.
Инчунин бо маъмурияти мактаб ҳамкорӣ кардан лозим аст ва агар роҳбарият вазъи мавҷударо нодида нагирад ва барои тамос омода бошад, кӯшиш кунед, ки бидуни таҷовуз ва айбдоркуниҳо муколамаи созанда ба роҳ монед, то вазъро бехатар ҳаллу фасл кунед ва дар оянда таҳкиру озорро нисбати дигарон пешгирӣ кунед. Дар акси ҳол ба сохторҳои марбута муроҷиат кардан лозим аст.