ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард.
Гуфта мешавад, ки таҷлил аз Рӯзи Ғаба 9 майи соли 2025 дар Майдони Сурх ба ифтихори 80-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.
"Ҳамин дар рӯзҳои гузашта мо ба президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъватномаи президенти Русия Владимир Путинро оид ба иштирок дар чорабиниҳои Майдони Сурх дар таърихи 9 майи соли 2025 расонидем", - гуфт дипломат ба ТАСС.
Вай ҳамзамон гуфт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон раисии ИДМ-ро ба уҳда дорад.
"Фикр мекунам, ки мавзӯи 80-умин солгарди Ғалаба дар сатҳи баланд баррасӣ мешавад", - гуфт дипломат.
Ёдовар мешавем, ки 19 ноябр рамзи 80-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ гардид
Дар рамз муҷассамаи "Моми мейҳан фаромехонад!", ки ба қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград бахшида шудааст, лентаи Георгий, инчунин калимаи "Ғалаба" ва рақами "80" тасвир ёфтааст.
Рамзи таҷлили 80-умин солгарди Ғалабаро Ҳунарпешаи мардумии Русия Владимир Машков муаррифӣ кард.