ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Низоъ дар Украина метавонад "бе хароҷоти нав барои башарият" хотима ёбад, агар НАТО "ба оташ равған реханро бас кунад".
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” баён дошт.
“Агар паймони НАТО дар заминаҳои воқеӣ қарор бигирад, агар онҳо оташи ҷангро дар Украина пуф накунанд, ин низоъ метавонад бидуни хароҷоти башарият хотима ёбад",- гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки тасмими Ғарб дар бораи иҷоза ба Киев барои зарба ба умқи Русия бо мушакҳои дурпарвоз, танҳо музокироти эҳтимолиро, ки ҳанӯз хеле дур аст, ба таъхир меандозад.
Ӯ афзуд, ки пас аз истифодаи мушакҳои дурпарвоз дар қаламрави Русия кишварҳои НАТО ба ҷанги комил ҳамроҳ шуданд.
Дар ҳамин ҳол бо ёдоварӣ мушаки русии "Орешник", ки ҳангоми ҳамла ба Украина озмуда шуд, Медведев гуфт, ки он ҷараёни амалиёти низомиро тағйир медиҳад.
"Мушаки баллистикии "Орешник"-и мо ҷараёни амалиётро дар Украина тағйир медиҳад", - гуфт вай.
Ба суоли имкони қатъи муноқишаҳо аз ҷониби Трамп, Медведев гуфт, ки вай тамоми имкони қатъи муноқиша дар Украинаро дорад, аммо Байден ба ӯ "мероси душвор" мегузорад.
Аммо ӯ тахмин мезанад, ки Трамп пас аз ба қудрат расиданаш аз эҳтимол дур нест, таҳримҳои зидди Русияро лағв кунад.