ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ феълан баста аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин роҳ аз бегоҳи рӯзи 21 ноябр то саҳари 22 ноябр бинобар омадани сел ва рух додани сангрезӣ баста аст.
"Соати 18:47 дақиқаи рӯзи 21 ноябр дар километри 352, ки аз ҳудуди деҳаи Умараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб мегузарад, гилолуду лой ин қитъаи роҳро баста, ҳаракати мошинҳоро баст", - омадааст дар хабари Кумита.
Манбаъ афзуд, ки соати 19:47 дақиқаи ин руз дар километри 356-уми роҳ дар ҳудуди деҳаи Мадраси ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб бар асари сангрезӣ ин қитъаи роҳ низ масдуд шуд.
КҲФ афзуд, ки барои рафъи вазъияти ба амаломада идораи роҳсозии ноҳия техникаи махсус ҷудо намудааст ва алъон корҳо барои тоза кардани қитъаҳои роҳ идома доранд.
Кумита тавзеҳ дод, ки бар асари омадани сел ва сангрезӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашуд.
Ёдовар мешавем, ин ниҳод қаблан хабар дода буд, ки хавфи омадани сел, фаромадани тарма ва сангрезӣ то 24 ноябр мавҷуд аст.