ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik.Куштор ва захмӣ шудани шаҳрвандони Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ба дунболи он пахши навори таҳдиди узви як созмони террористӣ ба ҳукумати Тоҷикистон ҳадсу гумонҳои зиёдеро халқ кард.
Ҳодиса рӯзи 18-уми ноябр рух дод. Бар асари ҳамла дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафар захмӣ шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19-уми ноябр дар баёнияе гуфт, ҳамла ба қароргоҳи як корхонаи хусусии чинӣ сурат гирифтааст.
Пекин онро "ҳамлаи хушунатомез" номида, шадидан маҳкум кард ва аз шаҳрвандони Чин, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кор мекунанд, хост, чораҳои амниятиро риоя кунанд.
Расонаҳо навиштанд, ки кормандони сафорати Чин дар Душанбе барои таҳқиқ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон масъалаи зарару манфиат аз ҳамла ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро барррасӣ кард.
Дуздиву гурехтан
Бархе бар ин боваранд, ки созмонҳои террористӣ ба барномаи ноамн кардани Тоҷикистон идома медиҳанд ва бархе ҳам инро ба барномаҳои зиддичинии Амрико марбут медонанд, аммо манобеъи огоҳ аз ҳангомасозии расонаҳо ва таблиғоти созмонҳои террористӣ мегӯянд.
Манобеъи огоҳ аз қазоё дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳамла ба маҳалли кори коргарони чинӣ дар минтақаи Хастутуки дараи Зарбуз, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, аз сӯи як гуруҳи мусаллаҳ аз Афғонистон сурат гирифта, як шаҳрванди Чинро кушта ва чаҳор нафари дигар, ба шумули се чинӣ ва як шаҳрванди Тоҷикистонро захмӣ ба ҷой гузошт.
“Афроди мусаллаҳ бо силоҳи “Калашников” ҳаволии соати 9 – и шаби 17 ноябр марзро убур карда, ба утоқе, ки дар он коргарони кони тилло истироҳат мекарданд, ворид мешаванд ва аз онҳо тақозо мекунанд, ки тилло диҳанд. Ба хотири тарсондани ҳозирин нахуст як чиниро ба қатл мерасонанд ва чун муродашон ҳосил намешавад, бақияро захмӣ мекунанд ва мебинанд, ки чизе ба даст намеояд, фирор мекунанд”, - гуфт як манбаъ.
Вай афзуд, пас аз ҳодиса марзбонони посгоҳе, ки дар қисмати болоии кони тило мустақар аст, ба маҳали ҳодиса расиданд ва захмиёнро ба шифохонаи шаҳраки Шӯробод, маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, интиқол доданд.
“Бино ба иттилоъи аввалияе, ки аз Афғонистон ба даст омадааст, гуруҳи мусаллаҳ аз сокинони се русто - Шулер, Ремон ва Обкандаи вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Афғонистон иборат буда, номҳояшон маълум аст ва дар ҳоли ҳозир, дар маҳалли иқомати худ ҳузур надоранд. Ин як гуруҳест, ки дар минтақа бо фаъолиятҳои ҷиноӣ машғул аст, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, роҳзанӣ ва ғорати амволи мардум. Боз ҳам ин маълумоти ибтидоӣ аст ва аз ҷониби Толибон тақозо шудааст, ки барои дастгир ва муҷозот кардани онҳо ҳамкорӣ кунад”, - гуфт манбаъ.
Мавриди мувофиқ
Шаҳрвандони Чин дар ин минтақа ду сол ба ин сӯ бо регшӯӣ ё тиллошӯӣ машғуланд ва ин аввалин мавридест, ки яке аз онҳо кушта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ин ҳодиса як ҷинояти маъмулӣ дар марзҳо боқӣ мемонд, агар ба дунболи он расонаҳои ғарбӣ навори таҳдиди як узви созмони террористиро ба ҳукумати Тоҷикистон пахш намекарданд. Онҳо ин ду ҳодисаро ба ҳам рабт дода, аз “ҷиддӣ шудани таҳдиди созмонҳои террористӣ ба Тоҷикистон” гуфтанд.
Дар як наворе, ки шабакаҳои иттилоотии наздик ба Толибон ва созмонҳои террористӣ нашр ва расонаҳои ғарбӣ онро бознашр карданд, як фарди мусаллаҳ ба ҳукумати Тоҷикистон таҳдид карда, мегӯяд, онҳо дар садади ҳамла ба ин кишвар ҳастанд. Ин фард, ки аз лаҳҷааш зодаи Тоҷикистон маълум мешавад, намегӯяд, ки марбути кадом гуруҳи террористӣ аст, бахусус, ДОИШ* ё Ҷамоати Ансоруллоҳ. Дар либоси низомие, ки ӯ ва ҳамроҳаш ба тан доранд, зоҳиран шеврони “ДОИШ”* насб шудааст, аммо манобеъи Толибон** онҳоро аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ” муаррифӣ мекунанд, ки “умдатан дар Сурия фаъолият дорад”, ҳарчанд пӯшида нест, ки ин созмони террористӣ дар Афғонистон таъсис ва дар ин кишвар солҳо ба ин сӯ ҳузур дорад, аз ҷумла вулусволиҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон, бахусус, Роғистони Бадахшон.
Ҳол ин суол пайдо мешавад, ки бадоҳатан пас аз ҳамла ба кормандони кони тилло пахш шудани ин навор ба чӣ маъно аст?
Коршиносон мегӯянд, террористон фурсатро ғанимат шумурда, хостанд аз ин ҳодиса суди таблиғотӣ баранд, ки гӯё ин кори онҳост, аммо ба забон эътироф намекунанд, зеро мавриди қаҳру хашми Толибон қарор хоҳанд гирифт, чун ин гуруҳ ва Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳоли соддасозии равобит ҳастанд.
Анвар Муродӣ (ном тағйир дода шудааст), як таҳлилгари зодаи вулусволии Шаҳри Бузурги Бадахшони Афғонистон, ки аз вазъи марз бо Тоҷикистон хуб огоҳӣ дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳамла ба чиниҳо як амалиёти печида аст, ки чанд буъд дорад ва иҷрояш бидуни ҳамкории Толибон имкон надорад.
Вай афзуд, агар Толибон онҳоеро, ки ба шаҳрвандони Чину Тоҷикистон ҳамла кардаанд, пайдо ва муаррифӣ кунанд, маълум хоҳад шуд, ки худашон даст надоранд ва воқеан мехоҳанд бо Тоҷикистон равобиташонро беҳбуд бахшанд.
“Он гоҳ метавон гуфт, ки гуруҳҳои дигари террористӣ, масалан, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* ва ДОИШ* мухолифи беҳбуди равобити Тоҷикистону Толибон нестанд ва мехоҳанд ба раванди содасозии равобити онҳо садама зананд”, - гуфт коршинос.
Дасти Амрико
Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз коршиносон таъкид ба “омили Чин” мекунанд ва мегӯянд, созмонҳои террористӣ мехоҳанд худро ба ҷавви сиёсатҳои зиддичинии Амрико мутобиқ созанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Доналд Трамп низ ба дунболи салафи худ Ҷо Байден қавл додааст, ки сиёсатҳои маҳору боздорандагии Чинро на фақат ки идома медиҳад, балки ташдид хоҳад кард ва табъан ноамнии Афғонистону Тоҷикистон, кишварҳои ҳамсояи Чин мувофиқи матлаб хоҳад буд.
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умумри амниятӣ, мегӯяд, куштаву захмӣ шудани шаҳрвандони Чин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар умум ба нафси як барномаи минтақаии Амрико, ки алайҳи Чин ба роҳ андохта шудааст, сидқ мекунад.
“Моҳияти барнома ин аст, ки роҳҳои Чин аз ҳама тараф бояд баста шавад. Аз ин хотир, созмонҳои балучӣ солҳо ба ин сӯ барои тахриб кардани тарҳҳои Чин, аз ҷумла СПЕК (Даҳлези иқтисодии Чину Покистон) дар Покистон истифода мешаванд, то Пекинро маҷбур кунанд аз ин тарҳ даст бардорад. Ҳодиса дар марзи Тоҷикистон зоҳиран бо ин барнома ҳамхонӣ мекунад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон он тарафи дарёи Ому дар се рустои вулусволии Шаҳри Бузург - Паси Кур, Овез ва Дошмандӣ – як ҳазор экскватори ширкатҳои чинӣ аз се сол ба ин сӯ бо тилошӯӣ машғуланд, аммо то ба ҳол ҳеҷ як аз шаҳрванди Чин дар он қаламрав кушта нашудааст.
Аз ин хотир, манобеъи Sputnik Тоҷикистон бар ин боваранд, ки куштору захмӣ шудани шаҳрвандони Чин дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон кори дасти ҷинояткорон аст, на террористон ва созмонҳои террористиву расонаҳои ғарбӣ аз он истифодаи таблиғотӣ мекунанд.