ДУШАНБЕ, 21 ноябрь — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба артиш ва мардуми Русия муроҷиат кард.
Раҳбари Русия ба мардуми кишварашро дар бораи ҳодисаҳо дар минтақаи Ҳавзаи низомии шимолӣ маълумот дод.
"Мехоҳам ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, шаҳрвандони кишвар, дӯстони мо дар саросари ҷаҳон, инчунин ба онҳое, ки дар бораи имкони шикасти стратегӣ ба Русия тасаввуротро идома медиҳанд, маълумот диҳам. Ҳодисаҳое, ки имрӯз дар минтақаи амалиёти вижа рух медиҳанд, маҳз пас аз истифодаи силоҳҳои дурбурди сохти ғарб ба қаламрави мо сурат гирифт”, гуфт Путин дар паёми худ.
Раҳбари Русия хабар дод, ки нерӯҳои Русия дар тамоми хатти ҷабҳа бомуваффақият пеш мераванд ва тамоми вазифаҳое, ки дар назди низомёни Русия гузошта шудаст, анҷом хоҳанд ёфт.
Путин таъкид кард, низоъ дар Украина унсурҳои хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст.
“Ин пас аз он сурат гирифт, ки ба қаламрави вилоятҳои Брянск ва Курск мушакҳои дақиқи дурбурди Амрико ва Бритониё партоб шуданд”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳур гуфт, системаҳои дифои ҳавоии Русия ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Русияро дафъ карданд, талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба мушоҳида нарасидааст.
"Системаҳои дифои ҳавоии мо ин ҳамлаҳоро дафъ карданд. Дар натиҷа ҳадафҳое, ки душман ошкоро дар назди худ гузошта буд, амалӣ нагардиданд", - гуфт Путин.
Истифода аз аслиҳаи дурбурд аз ҷониби душман наметавонад ба ҷараёни системаи дифои ҳавоӣ таъсир расонад, гуфт президенти Русия.
"Дар сурати авҷ гирифтани амалҳои таҷовузкорона, мо низ ба таври қатъӣ ва ба таври муносиб посух хоҳем дод. Ман ба ҳокимони он кишварҳое, ки нақшаи истифодаи контингентҳои низомии худро алайҳи Русия доранд, таъкид мекунам, ки ҷиддӣ фикр кунанд", - гуфт раҳбари Русия.
Кишвардори Русия ба онҳое, ки ба омодагии Русия ба ҳар гуна болоравии вазъ шубҳа доранд, ҳушдор дод, ки ин корро ҷиддӣ бигиранд.
"Русия барои ҳалли мусолиматомези низоъ омода аст, аммо дар баробари ин ба ҳама иқдом омода аст. Агар касе ба ин ҳанӯз шубҳа дошта бошад, иштибоҳ мекунанд".
Путин аз озмоиши бомуваффақияти мушаки миёнабурди фаросавтии ҷадид бо номи "Орешник" хабар дод.
"Дар вокуниш ба истифодаи аслиҳаи амрикоӣ ва бритониёӣ, 21 ноябри соли ҷорӣ арттиши Русия ба яке аз иншоотҳои низомӣ-саноатии Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд. Русия ҷадидтарин мушаки миёнбурдашро - як мушаки баллистикии бидуни кулоҳаки ҳастаӣ, ки олимони мо онро "Орешник" номиданд, озмоиш кардем", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки озмоишҳо бомуваффақият анҷом ёфтанд ва артиши Русия ба ҳадафҳои худ расид.
Путин ҳамчунин таъкид кард, ки имрӯз ҳеҷ системе барои муқовимат бо силоҳҳои навтарини Русия ба мисли мушаки Орешник вуҷуд надорад.
Владимир Путин ёдовар шуд, ки низоми амнияти байналмилалиро на Русия, балки Иёлоти Муттаҳида хароб карданд.
"Мо боварӣ дорем, Иёлоти Муттаҳида бо баҳонаи мухталиф, ки Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурдро дар соли 2019 якҷониба қатъ кард, иштибоҳ кардааст", - гуфт Путин зимни суханронӣ.
Раисиҷумҳури Русия гуфт, масъалаи истиқрори минбаъдаи мушакҳои миёнбурд аз ҷониби Русия вобаста ба иқдомоти ИМА ва шарикони он баррасӣ хоҳад шуд.
Иншоотҳоие, ки ҳангоми озмоишҳои минбаъдаи системаҳои нави мушакии Русия зада мешаванд, дар асоси таҳдидҳо ба Русия муайян карда мешаванд.
Путин аз шаҳрвандони осоиштаи Украина ва шаҳрвандони дигар кишварҳои дӯст даъват кард, ки минтақаи эҳтимолии ҳадафҳоро тарк намоянд.