ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии дӯстона пайиҳам пирӯзии дуюмашро ба даст овард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи яккачини Афғонистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Бояд қайд кард, ки ин бозӣ 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури12 350 тамошобин баргузор шуд.
Голҳои Тоҷикистонро дар дақиқаҳои11 ва 27 ва70-ум Амирбек Ҷӯрабоев, Шаҳром Самиев ва Рустам Соиров ба дарвозаи Афғонистон заданд. Ягона гол ба дарвозаи Тоҷикистон дар дақиқаи 37-ум зада шуд.
Дар дақиқаи 39-уми бозӣ Рустам Ятимов, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон барои рафтори дағалаш корти сурх гирифт ва дастаи Тоҷикистон то поёни бозӣ даҳнафара бозиро идома дод.
Ёдовар мешавем, ки ин охирин бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2024 мебошад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии қаблии худ дастаи Непалро бо ҳисоби 4:0 шикаст дода буд.
Дастаи Тоҷикистон бозии навбатиро 25 марти соли оянда дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор мекунад. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ 9 декабр дар маросими қуръакашӣ муайян