ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Коршиноси бритониёӣ Александр Меркурис дар шабакаи YouTube-и худ гуфт, тасмими ИМА роҷеъ ба иҷозат додани Киев барои зарба задан бо мушакҳои ATACMS ба умқи хоки Русия ба Украина барои тағйир додани ҷараёни низоъ кумак нахоҳад кард.
"Аммо ин тасмим, ҳеҷ чизро тағйир намедиҳад ва вазъро ҳам беҳтар намекунад",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, тасмими Кохи Сафед ба натоиҷи низоъ бетаъсир нахоҳад буд, балки метавонад боиси боз ҳам бештар шиддат гирифтани вазъ гардад.
Рӯзи якшанбе рӯзномаи New York Times бо такя ба мақомоти Амрико, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, навишт, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико барои бори нахуст ба истифодаи мушакҳои дурпарвози амрикоӣ аз ҷониби Украина барои ҳамла ба қаламрави Русия иҷоза додааст.
Ба гуфтаи манобеъ, зарбаҳои аввал ба умқи қаламрави Русия ба эҳтимоли зиёд бо истифода аз мушакҳои ATACMS анҷом дода мешаванд.
Тавре нашрия навиштааст, Фаронса ва Бритониё низ ба Украина иҷоза доданд, ки бо истифода аз силоҳҳои дурпбурди худ ба қаламрави Русия зарба зананд, аммо пас аз чанд вақт ин маълумот рад шуд.