Ду тило ва ду нуқра: натиҷаи варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ

Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Урумчии Чин баргузор шуд, ширкат варзида, 4 медал ба даст оварданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Урумчии Чин баргузор шуд, нерӯсанҷӣ намуданд.
Ба ин мусобиқа аз Тоҷикистон 15 варзишгар роҳ ёфта, дар маҷмӯъ онҳо соҳиби 4 медал – 2 тило ва 2 нуқра гардиданд, хабар медиҳад Кумитаи ҷавонон ва варзиш.
Медалҳои тилоро Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 60 метр бо натиҷаи 8,35 сония ва Леонид Пронженко дар давидан ба масофаи 60 метр бо монеа бо натиҷаи 8,16 сония ба даст оварданд.
Медали нуқраро Илдар Ахмадиев дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 7,11 м азхуд кард.
Бонуи тоҷик севумин нишони тиллои қаҳрамонии бадансозии ҷаҳонро бурд
Илова бар ин, дар эстафета ба масофаи 4х400 м дастаи Тоҷикистон (Леонид Проженко, Муҳаммадҷон Самирзода, Кристина Проженко, Жасмин Розиқова) низ бо натиҷаи 3:46,12 дақиқа соҳиби медали нуқра гардид.
Дар ин мусобиқа 243 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Чин ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 ноябр дар Урумчӣ мусобиқаи варзиши сабук миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гурӯҳҳои синнашон то 16, 18, то 20 ва варзишгарони калонсолон оғоз шуд.