ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Давоми 24 моҳи баъди дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 1500 мегаватт бунёд карда мешавад.
Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории гузариши энержӣ ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) хабар дод.
"То соли 2030 Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки иқтидори тавлиди нерӯи барқро аз 6 гигаватти кунунӣ то ба 10 гигаватт афзоиш диҳад. Дар баробари ин, дар Тоҷикистон бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, неругоҳҳои офтобӣ бунёд шуда истодааст. Мо ба нақша гирифтем, ки дар 24 моҳи оянда нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодиро бо иқтидори умумии 1500 мегаватт бунёд кунем”, - гуфт ӯ.
Дале Ҷумъа таъкид кард, ки Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2032 комилан ба истифодаи энержии “сабз” гузарад.
"Айни замон мо ба 98% расидем, илова бар ин, то соли 2037 иқтисодиёти мо низ комилан “сабз” хоҳад шуд", - афзуд ӯ.
Ҳамчунин вазири тоҷик қайд кард, ки ҳиссаи Тоҷикистон вобаста ба ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дорад.
Далер Ҷумъа қайд кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳҳои афзоиш додани истифодаи энергияи барқароршаванда ва декарбонизатсияро таъмин намуда истодаанд, зеро банақшагирии ҳамгирошудаи минтақавӣ ва кӯшишҳои мушаххаси давлатҳо барои коҳиш додани партовҳо ва гузариш ба энергияи тоза аҳамияти ҳалкунанда доранд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 ноябр дар Боку иҷлосияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) ба кор шурӯъ кард.