Шерализода: То 30% пиряхҳои Осиёи Марказӣ метавонанд то соли 2050 нобуд шаванд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон аз тағйири иқлим ва обшавии босуръаръати пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. То соли 2050 то 30% пиряхҳои Осиёи Марказӣ метавонад пурра нобуд шаванд.
Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон, дар як нишасти панелӣ дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим ва ҳамкориҳои минтақавӣ барои пешгирии обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ” изҳор дошт.
"Тоҷикистон ташаббуси минтақавии "Пряхҳо ба хоҷагиҳо" (G2F)-ро дастгирӣ намуда, нақши муҳими онро дар ҳифзи манбаи ҳаёт дар Осиёи Марказӣ эътироф мекунад", - гуфт раиси Кумита.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо беш аз 10 ҳазор пирях дар қаламрави худ 60 дарсади манобеъи оби Осиёи Марказиро таъмин мекунад. Обшавии босуръати ин пиряхҳо ба амнияти обӣ, ғизоӣ ва энергетикии минтақа хатари фаврӣ ва ҷиддӣ эҷод мекунад. Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз 1000 пирях комилан аз байн рафтааст.
Дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ зиёд мешаванд
" Мо эътироф мекунем, ки арзёбии хатари пиряхҳо заминаи муҳимест, ки маълумоти илмиро фароҳам месозад, ки барои пурра фаҳмидани таъсири тағирёбии иқлим ба пиряхҳо ва захираҳои об зарур аст. Ҳадафи ташаббуси G2F ҳалли мушкилоти мубрами минтақа мебошад. Мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба таври фаврӣ тавассути сармоягузориҳои мақсаднок, ки захираҳои об, ҳаёт ва некӯаҳволии одамон ва инфрасохтори муҳимро муҳофизат мекунанд, зарур аст", - гуфт раиси кумита.
Вай афзуд, нақши пешбарии Тоҷикистон дар ин чолишҳои ҷаҳонӣ ба минтақа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Оқои Шерализода қайд кард, ки ин ташаббусҳои калидӣ ӯҳдадории Тоҷикистонро барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби тоза барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва мубориза бо тағирёбии иқлим тасдиқ мекунанд.