ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Думаи давлатии Русия дар хониши дувум ва сеюм, қонун дар бораи ҷарима ба маблағи то 60 миллион рубл барои тақаллуби асноди муҳоҷиронро қабул кард.
Қонуни нав барои шахсони ҳуқуқӣ, ки даст ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ мезананд муқаррар карда шудааст.
Талабот аз ҷумла, барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи ворид шудан ба Русия, бақайдгириии муҳоҷират, ҳаракат ё тартиби интихоби ҷоийи иқомат ё истиқомат рабт дорад.
Илова бар ин, масъулияти шахсони ҳуқуқӣ барои фаъолияти ғайриқонунии меҳнат дар Русия сахттар мешавад.
Бар асоси қонун, барои содир кардани ин гуна қонуншиканиҳо ҷарима ба маблағи аз 5 то 10 миллион рубл бо мусодираи молу дороӣ ва барои такрори содир кардани ҷиноят аз 10 то 60 миллион рубл муҷозот пешбинӣ шудааст.
Инчунин, барои қалбакӣ намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби шахси воқеӣ, қалбакӣ дар мӯҳр ё варақа ба маблағи аз 40 то 80 ҳазор рубл ва дар сурати такрор шудани ҷиноят аз 100 то 200 ҳазор рубл ҷарима муқаррар шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Думаи давлатии Русия қасд дорад 6 қонуни нав дар соҳаи муҳоҷиратро қабул кунад.
Ҳамин тариқ, мақомоти Русия тасмим доранд, механизмҳои ҳуқуқии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ таҳия кунанд.