Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия бовар дорад, ки дар сурати риояи қонунҳо аз ҷониби корфармоён раванди муҳоҷират дар Русия танзим мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар сурати риояи Қонуни меҳнат ва ҳуқуқи муҳоҷирон танзими раванд имконпазир аст.
Дар ирн бора Валерий Фадеев, Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия дар мусоҳиба бо “Известия” изҳор дошт.
Ба таъкиди вай, масъулияти вуруди коргарони хориҷӣ ба кишвар бояд пурра ба дӯши корфармо бошад.
Вай афзуд, ки корфармо бояд эҳтиёҷоти худро ба муҳоҷирон асоснок кунад, масалан, дар майдони сохтмон бе онҳо кор карда ғайриимкон аст.

"Исбот кун, чӣ қадар зарур аст, онҳоро биёр, ҷойбаҷой, суғурта кун, дар ҳолати зарурӣ маблағи муолиҷаро пардохт кун. Бояд кодекси меҳнат ва ҳуқуқи муҳоҷиронро эҳтиром кард. Музди якхела диҳед, дар рузҳои истироҳат бо музди дучанд кор кунед. Корфармоён бояд қонунро риоя кунанд, пас вазъ дигар мешавад”, - таъкид кард Фадеев.

Ба гуфтаи ӯ, агар корфармоён бо муҳоҷирон ба таври дигар муносибат кунанд, пас онҳо бояд ҷаримаи ҳангуфте бидиҳанд.
Қаблан, рӯзи 7 ноябр Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфта буд, ки мақомоти Русия дар масъалаи ҷалби муҳоҷирон, пеш аз ҳама, бояд манфиатҳои шаҳрвандони Русияро ба назар гиранд.
Путин: Муҳоҷирони корӣ ҳам бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд
Ба гуфтаи ӯ, хориҷиёне, ки барои кор ба Русия меоянд, агар забони русиро хуб донанд, суннатҳои русиро донанд ва қонунҳоро риоя кунанд, ба мушкил дучор намешаванд.
Ӯ дар ҷаласаи Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" таъкид кард, ки муҳоҷирон низ бояд дар шароити инсонӣ зиндагӣ кунанд ва аз ҳама имтиёзҳо истифода намояд.
Вай қайд кард, аммо дар ин ҷо камбудҳо вуҷуд доранд.