Сулҳовар ё ҷанговар: Трамп ба Осиёи Марказӣ чӣ меорад

Назари коршиносони тоҷик дар бораи паёмадҳои бозгашти Трамп барои Осиёи Марказӣ яксон нест: оё ӯ ба бӯҳронҳои ҷаҳонӣ хотима медиҳад ё минтақаро ноором мекунад?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шуд.
Вай 292 овози интихобкунандагонро ба даст овард, ки аз ҳадди ақал 270 овози барои пирӯзӣ зарурӣ зиёдтар аст.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ қариб 70,9 млн нафар интихобкунандагон ба тарафдории ҷумҳурихоҳон, қариб 66 млн нафар ба ҷонибдории номзади демократҳо Камала Харрис овоз додаанд.
Коршиносони тоҷик дар бораи паёмадҳои марбут ба бозгашти Доналд Трамп ба қудрат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ назари гуногун доранд.
Бархе бар ин боваранд, ки Амрико ба буҳрони ҷаҳонӣ хотима хоҳад дод, иддае мегӯянд, маъмурияти як тоҷири ҷумҳурихоҳ сиёсати ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказиро пеш мебарад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи он, ки пас аз савгандёдкунии Трамп муносибати ИМА ба минтақа чӣ гуна тағйир хоҳад ёфт бо коршиносон суҳбат кард.

Трамп сулҳовар?

Сайфулло Сафаров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, Доналд Трампро як фарди иродатманд ба сулҳу амнияти ҷаҳонӣ меҳисобад ва мегӯяд, сиёсатҳои Амрико дар баробари ҷангҳои ҷаҳонӣ, назири Ховари Миёна ва Украина, тағйир хоҳад кард ва сулҳи ҷаҳонӣ фаро хоҳад расид.
“Мо дар Тоҷикистон суди сулҳро дидем. Хатми ҷанги Русияву Украина, ки Доналд Трамп ваъдаашро додааст, ба хайри тамоми кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо тамом мешавад. Анҷоми ҷанги Исроилу Фаластин ва Лубнон барои тақвияти сулҳ дар Осиё, ки мо ҷузъи онем, кӯмак хоҳад кард”, - гуфт Сафаров.
Дар ҳамин ҳол, мавсуф зимни пардохтан ба рақобати Амрико бо Чину Русия барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ гуфт, рақобати онҳо аланӣ нест, балки пинҳон аст ва ҳамин гуна идома хоҳад кард.
“Ҳиндро ҳам ба ҳисоб гирем, чаҳор маркази қудрати ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ рақобат мекунанд. Амалан се қудрати шарқӣ аз як тараф ва Амрико дар садри Ғарби ҷамъӣ аз тарафи дигар ду блоки бузурге ҳастанд, ки пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дар минтақа рақобат доранд. Доналд Трамп ин рақобатро идома медиҳад, аммо ҳамоно пинҳон, на аланӣ”, - гуфт раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон.

Ҳама воситаҳо хубанд

Дар ҳамин ҳол, коршиносони дигар бар инанд, ки рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказӣ зоҳиран дар як нота идома меёбанд ва кишварҳои минтақа тавонистаанд бо тақвияти ҳукуматҳои миллӣ ва сиёсатҳои дарҳои боз ин рақобатҳоро танзим кунанд.
Аммо аз нигоҳи Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури минтақа, сиёсатҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ солҳои ахир муваффақ набуд ва ин вазъ ҳукумати Трампро, ки ба қавли худашон, мехоҳад бузургии Амрикоро баргардонад, аслан қобили қабул нест.
Интихоботи президентии ИМА: Трамп аз пирӯзии худ эълон кард – акс
Ба қавли ӯ, сиёсати беш аз 30-сола ва харҷи миллиардҳо доллар барои “демократисозӣ” – и кишварҳои пасошӯравӣ, ҳарчанд дар бархе ҷумҳуриҳо, назири Украинаву Гурҷистон тавонист “инқилобҳои ранга” – ро ба роҳ андозад, аммо дар Осиёи Марказӣ дастоварди чандоне надошт.
“Амрико одат карда буд, ки дар ҳар кунҷу канори дунё касе ҳарфашро ду накунад ва ё ҳарфи аввалро занад. Аммо пас аз буҳрони Украина кишварҳои Осиёи Марказӣ он гуна ки Амрико мехост, ба таҳримҳо алайҳи Русия ҳамроҳ нашуданд ва маъракаи русҳаросӣ дар минтақа ҳам ноком монд ва инро Вашингтон бо он вуҷуд ки медонист, ин минтақа то куҷо ба Русия пайванди таърихиву имрӯзӣ дорад, интизор надошт. Ҳукумати Трамп ҳатман дар пайи ислоҳи вазъ ба нафъи худ хоҳад шуд”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Коршинос гуфт, Амрико ва истихбороташ ба ин натиҷа расидаанд, ки аз тариқи рушди, ба истилоҳ, “ҷомиаи шаҳрвандӣ ва демократия” намешавад дар Осиёи Марказӣ ҷойи по ё нуфуз пайдо кард, аз ин хотир, онҳо ба рушди ифротгароии динӣ тамаркуз кардаанд.
“Бо сармоягузории даҳҳо гуруҳи ҷараёну созмонҳои ифротӣ, ки тақрибан ду даҳа ба ин сӯ дар Осиёи Марказӣ тариқи шабакаҳои хоси ҳамкори Амрико парвариш шуданд, ба истилоҳ, раванди “исломишавӣ” ва “ифротишавӣ” – ро дар минтақа ба роҳ андохтанд. Ҳарчанд ҳукуматҳо талош мекунанд, аммо дар бораи хатми ин раванд суҳбат кардан бармаҳал аст”, - гуфт коршинос.
Бархе дигар аз коршиносон низ бар онанд, ки маҳз тариқи рушди терроризм ва ифротият дар минтақа, амрикоиҳо бовар доранд низомҳои минтақаро ба табъи худ тағйир диҳанд ва Трамп ҳам истисно нахоҳад буд.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури амниятӣ, мегӯяд, таслими қудрат ба Толибон* дар Афғонистон, ки беш аз 20 созмони террористии ҷаҳониву минтақаиро паноҳ додааст, маҳз ба ҳамин хотир буд.
Аз муносибатҳои дӯстона диди нек дорем: Раҳмон Трампро табрик кард
“Дасти кам Амрико бовар дорад, ки аз ҳамин роҳ метавонад девори оҳанини Осиёи Марказиро бишканад. Ин стратегияро ҳукуматҳои қаблии Амрико ним аср ба ин сӯ пайгирӣ мекарданд ва ҳукумати Трамп низ онро идома хоҳад дод”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба қавли ӯ, Тоҷикистон дар ин стратегия ба ин далел ки марзи тӯлонитаринро бо Афғонистон дорад, ҷойгоҳи хосеро пайдо кардааст.
“Пайванд додани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДОИШ**, истифодаи онҳо дар амалиёти террористӣ дар Афғонистон, Эрон, Туркия ва Русия ва дар умум, тақвияту тарғиби иттилоотии ДОИШ** дар минтақа гувоҳи он аст, ки Амрико барои тоҷикони минтақа ва худи Тоҷикистон барномаи хосеро дорад”, - гуфт коршинос.
Дар ҳоле ки коршиносони тоҷик ба ояндаи сиёсатҳои Амрикои таҳти раҳбарии Доналд Трамп назари яксон надоранд, адабиёти хасмонаи бармалои ӯ алайҳи Чин ва пеш гирифтани сиёсати боздорандаи ин кишвар ба ин маъност, ки дар ин сиёсат Осиёи Марказӣ ва қабл аз ҳама Тоҷикистон, ҳамсояҳои дар ба девори Чин, ҳеҷ гоҳ дар канор нахоҳанд буд.
*- созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
**- ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст