ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар "Комбинати металлургии Точикистон", маъруф бо "Комбинати Анзоб" як коргар дар ҷойи кор ҳалок шудааст.
Дар ин бора як манбаъ аз комбинат ба Sputnik Тоҷикистон, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, марҳум ҳангоми корҳои конканӣ ба чуқурии тақрибан 50-60 метр сарозер шуд.
"Мутаассифона ҷавон, наҷот наёфт ва ҷасадашро баъдан берун оварданд. Ҷанозааш имрӯз дар деҳаи Искодари ҷамотаи Дар-дар доир шуд",- гуфт манбаъ.
"Комбинати Анзоб" аз муҳимтарин конҳои тавлидоти саноатии кишвар буда, дар ҷаҳон бо сурма ва симобаш маъруф аст.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи нохуш дар ҷойи кор дар Тоҷикистон тайи соли равон нест.
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки бар асари ҳаводиси нохуш 20 нафар, ба шумули шаш шаҳрванди хориҷӣ, дар корхонаву иншоотҳои Тоҷикистон давоми шаш моҳ ба ҳалокат расидаву захмӣ шудаанд.
“Онҳо дар натиҷаи афтидан аз баландӣ (6), расиши барқ (1), резиши ҷинсҳои куҳӣ (5), садамаи қатораҳои боркашон (1), садамаи нақлиётӣ (1), резиши ангиштсанг (1), басташавии роҳҳои нафас бо либосҳо (1), заҳролудшавӣ аз гази пропан (1), афтидани чӯби шифт (1), афтидан аз лифт (1) ва афтидан аз чоҳи ҳавокашӣ (1) ҷони худро аз даст додаанд ё ҷарҳат бардоштаанд”, - гуфт Санъат Раҳимов, раҳбари ин ниҳод.
Санъат Раҳим шарҳ дод, ки садамаҳо дар ҷойи кор ба риоя накардани талаботи бехатарӣ ҳам аз тарафи корфармо ва ҳам коргар сурат мегирад.