ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи гаҷкартони ширкати "Файзи гаҷ"-ро ифтитоҳ кард.
Корхонаи истеҳсоли гаҷкартон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шералӣ Файзализода дар муддати бештар аз як сол бунёд гардид.
Қайд карда шудааст, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар се баст ба роҳ монда шуда, дар он асосан истеҳсоли гаҷкартон ва ғуррагаҷҳои сохтмонӣ роҳандозӣ шудааст.
Коргоҳи нав имкон дорад, ки дар як сол зиёда аз 500 ҳазор метри мураббаъ гаҷкартон истеҳсол намояд ва тасмим аст, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсолот то як миллион метри мураббаъ расонида шавад.
Барои бунёду муҷаҳҳазгардонии иқтидори нави саноатӣ зиёда аз 24 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
Бояд гуфт, ки 70% -и маҳсулоти корхона аз ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо истифода аз конҳои амалкунандаи атрофи ноҳия бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад.
Ҳамчунин президенти кишвар дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори "Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон"-ро дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 млн сомонӣ бунёд ёфтааст.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад.
Қайд карда шудааст, ки кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба мартиб осон намояд.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мешавад.
То имрӯз ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад.
Аз ин хотир кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.
Тавре гуфта шуд, корхонаи мазкур дар бинои бекорхобидаву валангоре, ки солиёни дароз аз мадди назар дур монда буд, бунёд гардид.