Дар видео дида мешавад, ки техникаҳои ҷангӣ дар кадом аҳвол қарор доранд.
Сокинон имкон доранд дар ин намоишгоҳ аз наздик бо тонки амрикоии Абрамс, инчунин мошинҳои ҷангии пиёданизом ва зиреҳпӯшҳои харобшуда шинос шаванд.
Дар намоишгоҳи 22 воҳиди техникаи ғаниматшуда, ки аз сӯйи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина истифода мешуд, намоиш дода мешавад. Инҳо асосан техникаҳои ғарбӣ ҳастанд, ки дар байни онҳо Абрамсҳои амрикоӣ боиси изтироби бузург шуданд, шарҳ додааст вазорати дифои Русия.
Намоишгоҳ дар рузи аввали худ бисьёр тамошобинонро ба худ чалб кард. Бисёриҳо ба ин ҷо бо оилаҳо, бо кӯдакон меоянд. Ба техникаҳои ҷангӣ на танхо метавон тамошо кард, балки ба онхо даст зад, ки ин бештар ба бачагон писанд меояд.
Дафтари матбуоти вазорати дифои Русия тавзеҳ додааст, ки намоишгоҳ дар ҳудуди маркази осорхонаву намоишгоҳҳои Санкт-Петербург то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард.