Раводид дар сафарҳои ҳавои Машҳад ба Тоҷикистони ба зудӣ ҳазф мешавад

Раводид (виза) барои парвоз аз ҳамаи нуқоти Эрон аз ҷумла Машҳад ба Тоҷикистон ба хостаи фаъолони иқтисодӣ ба зудӣ ҳазф хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Хуросони разавӣ Ҳасан Нуризода гуфт, раводид (виза) барои парвоз аз ҳамаи нуқоти Эрон аз ҷумла Машҳад ба Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба хостаи фаъолони иқтисодии устон дар парвози мустақими Машҳад - Душанбе, ба зудӣ бо пайгириҳо анҷом шуда ҳазф хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА, натиҷаи яке аз тавофуқоти байни Эрону Тоҷикистон дар солҳои гузаштаи барқарории парвози мустақими байни Теҳрон – Душанбе ва Машҳад - Душанбе буд.
Мақомдори эронӣ гуфт, пас аз иҷрои он, парвози Теҳрон - Душанбе бидуни визо аммо парвози Машҳад - Душанбе бо визо ҳамроҳ буд, ин мавзӯи мавриди эътирози фаъолони иқтисодии ин устон қарор гирифт.
Вай баён кард, ки дар сафари ҳафтаи гузашта ҳайати тоҷикистонӣ ба Хуросони разавӣ ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки мушаххас шуд , иштибоҳи марбкт ба дохил Эрон буда, ҳазфи ахзи визо дар сафарҳои ҳавоӣ ба кишвари Тоҷикистон аз тариқи вазорати умури хориҷаи Эрон қобили пайгирӣ ва ҳал аст.
Ҳақиқиён: Бекорсозии раводид байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудӣ амалӣ мешавад
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон қайд карда буд, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Бояд қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз мавҷуд аст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар сол даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.