Бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25% баланд мегардад

Мувофики нақшаи НБО "Себзор" бо се агрегат таъмин карда мешавад ва соли 2024 ба истифода додани он ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Ахиран Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО "Себзор" дидан кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захоири оби Тоыикистон хабар додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳо тибқи реҷаи муқарраршуда ҷараён доранд.
"Айни замон, аз ҷониби коргарону мутахассисони ватанӣ корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, дарвозаҳои обпарто, иншооти обтозакунӣ, толори мошинҳо ва дигар қитъаҳои иншоот идома дорад", - хабар додааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Неругоҳ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани 3 агрегат, он бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт фаъолият хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки бо бунёди НБО “Себзор” иқтидори умумии ширкати “Помир энерҷӣ” 25 фоиз баланд гардида, эътимоднокӣ ва сатҳи таъминоти барқ ба 220 ҳазор нафар аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят беҳтару хубтар хоҳад шуд.
Барои сохтмони НБО "Себзор" ба "Помир Энерҷӣ" даҳҳо миллион евро грант доданд
Дар доираи барномаҳои иҷтимоии лоиҳаи сохтмони неругоҳи обии “Себзор” то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуда, мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии 4 километр роҳи мошингард, инчунин бунёди як мактаби замонавӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки НБО "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр бунёд гардида, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб хоҳад буд.
Ин нерӯгоҳ барқи обӣ метавонад даҳҳо ҳазор сокинони маҳаллиро бо нерӯи барқ ​​таъмин кунад ва ҳамчунин ба манотиқи марзии Афғонистон нерӯи барқ ​​содир кунад.
Мувофики нақшаи генералии тасдиқшуда Нерӯгоҳи обии барқӣ бо се агрегат таъмин карда мешавад. Соли 2024 ба истифода додани "Себзор" ба нақша гирифта шудааст.