Роҳи миёни ноҳияи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ 60 – 65 км аст, аммо барои ин масофаро тай намудан ҳоло, ҳади ақал 5 ё 6 соат вақт масраф мешавад.
Зеро вазъи харобу валангори ин ягона роҳ имкон намедиҳад, ки дар вақти кам онро убур кард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳи сафар карда ҳолати хароби роҳро ба навор гирифт ва дар бораи уқубатҳои ин роҳ бо сокинону ронандаҳо ҳамсуҳбат шуд.
Сокинони Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ду ноҳияи аз ҳама дурдастарини вилояти Суғд мегуянд, ин роҳи онҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ монда ва 40–50 сол мешавад, ки таъмир нашуда ва дар вазъи душвору ногуворе қарор дорад.
Онҳо мегуянд, харобии роҳ ба кору зиндагии онҳо таъсири амиқи манфӣ мерасонад.
Зимнан ин ягона роҳе аст, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба ноҳияи Айнӣ ба маркази вилояти Суғд ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мепайвандад.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 26 ҳазор ва дар ноҳияи Айнӣ ҳудуди 94 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунад.
Ронандаҳое, ки аз ин роҳ мегузаранд, бештар дар бораи шикасту рехти нақлиёти худ изҳор мекунанд, ки зиндагияшонро аз ҳар ҷиҳат душвор кардааст.
Қаблан Вазорати нақлиёти кишвар гуфта буд, ки лоиҳакашии 80 километр масири мазкур аз аввали сол сар шуда, бо дарёфти сармоя азнавсозии он оғоз мешавад.