Дар Хуҷанд нимпайкараи Ҳаким Карим, ки дар набардҳо барои Ленинград ҷон дод, гузошта шуд

Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи нависандаи шаҳид Ҳаким Карим, шоирону адибон ва масъулини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хуҷанд иштирок карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 02 окт – Sputnik. Нимпайкараи нависандаи публитсист, Ҳаким Карим дар назди бинои “Кохи матбуот” дар маркази шаҳри Хуҷанд поягузорӣ шуд.
Аҳматҷони Раҳматзод, раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд гуфт, ин нависандаи шаҳир дар солҳои 30 уми қарни гузашта бо нашри ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии худ дар рушди матбуоти тоҷик хидматҳои назаррас анҷом додааст.

“Аз аввали солҳои 20-ум ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ, ҳикояву новелла ва тарҷумонӣ машғул шуда, маҳсули пурғановати эҷодии Ҳаким Карим дар рӯзномаи "Бедории тоҷик" (ҳоло "Ҷумҳурият" ва “Пролетари Хуҷанд” (ҳоло Ҳакиқати Суғд” ба табъ расидаанд”, – зикр кард, Раҳматзод.

Ҳаким Карим соли 1905 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, фаъолияти кориашро солҳои 1925 дар шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе оғоз намудааст.
Сипас Донишкадаи кишоварзии Тошкандро хатм намуда, аввали солҳои 30-юм дар Нашриёти давлатии халқҳои ИҶШС (Маскав) ва бахши тарҷумаву таҳрири Идораи табъу нашри Душанбе ва ҳамчунин, муҳаррири рӯзномаи "Пролетари Хуҷанд" ("Ҳақиқати Ленинобод"), вакили Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ (1934) фаъолият будааст.
Соли 1941 бо хоҳиши худ ба хидмати аскарӣ рафта, дар муҳорибаҳои шадиди Ленинград иштирок кардааст. Соли 1942 дар муҳорибаи Старая Руссаи назди Ленинград ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти Хатлон гуфт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар кумакпулӣ расонида шуд
Ҳаким Карим, яке аз аввалин драматургони тоҷик буда, намоишномаи "Ҷанговарон" (1934) - аш сазовори мукофоти Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Соли 1936 намоишномаи "Соли 1916" (ҳамроҳи Дунган – Зариф Раҷабов)-ро ба қалам овардааст, ки аз таърихи муборизаи озодихоҳии мардуми Хуҷанд ҳикоят мекунад.
Ба ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум ҳам машғул буда, соли 1931 (дар Маскав) "Зарбулмасалҳои тоҷикӣ"-и ҷамъовардаи ӯ дар шакли китоб (ба ҳуруфи арабӣ) нашр шудааст. Соли 1940 дар маҷаллаи "Шарқи Сурх" мунтахаби афсонаҳои халқи тоҷик таҳти таҳрири ӯ ба табъ расидааст.
Якчанд аз асарҳои Л.Толстой, М.Твен, А.Чехов, М.Горкийро ба тоҷикӣ гардондааст. Пайкараи Ҳаким Каримро муҷасамасоз Мунира Турсунова сохтааст.