ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Аз 29 то 31 октябр дар шаҳри Тиранаи Албания Чемпионати ҷаҳон дар вазнҳои ғайриолимпӣ оид ба гӯштини тарзи озод доир гардид, ки дар он паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев бо маҳорати воло рақибонашро мағлуб карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки Абдулмаҷид Кудиев дар вазни то 70 кг дар даври аввал бо ҳисоби 11 бар 0 намояндаи Муғулистон – Энхтуяро шикаст дода, дар даври дуюм бо ҳисоби 12 бар 2 Рамазон Рамазонови булғориро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Абдулмаҷид Кудиев дар даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 5 дар як рақобати мушкил Сино Халилӣ аз Эронро шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳила Абдулмаҷид Кудиев аз Нуржока Кайпанови қазоқ пас аз як иштибоҳ бо ҳисоби 2 бар 13 рақобатро бохт ва ба финал баромада натавонист.
Зикр гардидааст, ки паҳлавони Тоҷикистон барои медали биринҷӣ бо ҳисоби 13 бар 2 Акаки Кемертелидзеи гурҷиро шикаст дода, медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи август дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон аввалин Қаҳрамонии куштии ҷаҳон баргузор шуд.
Дар ин мусобиқа 200 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар аввалин қаҳрамонии ҷаҳон 18 варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ намуданд.