ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Бохтар дар дидори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати “Behron”-и Эрон вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Эрон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ҷонибҳо зимни дидор дар бораи роҳандозии ҳамкориҳои фаъол байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ҳавасмандӣ намуда, дар бораи амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Раиси вилояти Хатлон дар мулоқот зикр кард, мақомоти вилоят ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ширкати “BEHRON”-и Эрон, ки бо истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ширкати “BEHRON” 35 сол мешавад, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул мебошад.
Ба иттилои манбаъ, 75%-и бозори Эронро таъмин менамояд ва ҳамчунин, ширкат ба Арманистон, Русия, Туркия, Уммон, Ироқ ва Сурия низ маҳсулоташро содирот менамояд.