Боғдорӣ дар домани кӯҳ: сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ чи гуна рӯзӣ ба даст меоранд – видео

Ҳавои софу беғубор ва чашмаҳои мусаффои кӯҳсор аз омилҳои табиӣ, ки барои хуб парвариш ёфтани меваи дарахтон ва кишти зироат муҳим мебошад
Sputnik
Парвариши себ ва картошка ду василаи асосии зиндагии сокинон дар Кӯҳистони Мастчоҳ – дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Ин ноҳия дар баландии беш аз 2800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст ва себу картошкаҳое, ки дар рустоҳои ин ҷо парвариш мешавад на танҳо бо рангу намои зебо дорад, балки бо тамъу мазза ҳам фарқ мекунад.
Мирзо Валиев, яке аз сокинони Кӯҳистони Мастчоҳ, вижагии ҳосили дарахтон дар ин ноҳияро аз нақши омилҳои табиӣ хонд.
Савдои хориҷии Суғд аз 2 млрд доллар гузашт
Ӯ, афзуд, меваи дарахтони дар баландкӯҳҳо дар ҳавои салқин парвариш шуда серобу ширин аст.
“Ин ҷо себ лаззати дигар дорад ва бо шириниаш аз ҳар дигар минтақаҳои кишвар фарқ мекунад. Себи дар ин ҷо парвариш шуда то баҳори соли оянд меистад” – зикр кард, Валиев.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рафт мушоҳида кард, ки сокинон ин ҷо ғолибан ғолибан аз ҳисоби себ ва картошка аробаи зиндагии худро мечархонанд. Зеро вазъи ҷуғрофӣ ва иқлим дар ин ноҳияи 300 километри аз маркази вилояти Суғд бештар ба ҳамин навъи шуғл имконпазир аст. Тавре Сиёвуш Холиқов, мудири идораи кишоварзии Кӯҳистони Мастчоҳ гуфт, дар ҳудуди ноҳия 850 га боғ мавҷуд аст, ки дар он себу зардолу ва нок парвариш мешавад.
Соли гузашта нуриҳо имсол об: кишоварзони Суғд мушкили парвариши пахтаро шарҳ доданд
Себу картошкаи ин ҷо парвариш шуда таваҷҷӯҳи тоҷиронро бештар ба худ ҷалб кардааст.
Бино ба гуфти сокинон маҳсули дастранҷи онҳо то ба бозорҳои бузурги пойтахти кишвар ва шаҳрҳои Русия интиқол дода мешавад.