ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дродааст.
Қайд карда шудааст, ки дар бинои хуштарҳу замонавӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забон ва адабиёти рус – забони англисӣ ва забони муосири рус – тарҷумон дар сатҳи баланди касбӣ омода карда мешаванд.
Факультет русского языка и литературы Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни
© Foto / Пресс-служба Рустама Эмомали
Президенти кишвар зимни ифтитоҳи ин иншоот таъкид кард, ки ояндаи дурахшони ҳар давлату миллат ба рушди бемайлони низоми маорифи он ва дар ин замина тарбияи кадрҳои хуб алоқамандии зич дорад.
Ҳамчунин раҳбари кишвар ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ифтитоҳ кард.
Марказ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 47 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ва маблағҳои шарикони хориҷии рушд омода шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз соли 2021 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расид.
Ба иттилои манбаъ, марказ дорои 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣ-таҳқиқотии самтҳои химия, биология ва нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарӣ ва амнияти биологӣ ва криминалистикаи ядроӣ буда, барои омӯзиш ва ташхиси маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хизмат менамояд.
Қайд карда шудааст, ки озмоишгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи наву замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои гузаронидани таҳқиқот, ташхис ва таҳлил дар асоси стандартҳои байналмилалӣ омода шудааст.
“Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои мазкур бо мақсади амалисозии Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сурат гирифта, барои иҷрои саривақтии таҳқиқотҳои бунёдӣ дар илми ватанӣ замина мегузорад”, - хабар додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Зикр гардидаааст, ки бо ифтитоҳи озмоишгоҳҳо қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмӣ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ гузошта мешавад.
Раҳбари кишвар инчунин субҳи имрӯз дар заминаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази байналмилалии дипломатияи минтақавии нақлиётӣ ва КВД “Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Қайд карда шудааст, ки таъсиси маркази тамос бо рақами кутоҳкардаи 8808 дар самти беҳтар кардани кору хизматрасонӣ муосидат намуда, раванди гирифтани иҷозатнома, рухсатнома, роҳхату борхат, мавҷудияти бор ё талаботро барои воситаи нақлиёт ҷиҳати интиқоли бор пешниҳод менамояд.
Таъкид гардидааст, ки маркази тамос имкон медиҳад, ки аз тамоми гушаву канори кишвар ва берун аз он фармоишҳо аз руи самтҳои боркашонӣ, мусофирбарӣ, гирифтани роҳхату борхат қабул гардида, саривақт иҷро шавад.
Ҳамчунин марказ аз раёсатҳои Низоми идоракунии дороиҳои роҳ, Раёсати барномасозон ва амнияти иттилоотӣ, Раёсати низоми зеҳнии нақлиётӣ, ки дар ҷаҳон бо номи ITS маъмул аст ва Логистикаи рақамӣ иборат буда, ҳар як раёсат вобаста ба самти фаъолият, аз ҷумла баруйхатгирӣ ва шиносномакунонии пурраи дороиҳои роҳ, барномасозиҳои модулҳои рақамикунонии соҳа ва амалӣ намудани тамоми барномаҳое, ки дар асоси талаботи 30 модули соҳа таҳрезӣ шудаанд, имкон фароҳам месозад.
Қайд карда шудааст, ки системаи электронии марказ бо равзанаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия пайваст шуда, барои содда гардонидани раванди хизматрасонии нақлиётӣ мусоид мебошад.