ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Артиши Русия шаҳраки Селидоворо дар ҶМД, ки мавҷеъи стратегӣ дорад, таҳти назорат гирифтанд, иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
"Дар натиҷаи амалиёти муваффақонаи воҳидҳо низомии гурӯҳи нерӯҳои марказӣ шаҳри Селидовои Ҷумҳурии Мардумии Донетск комилан озод карда шуд", - таъкид кардааст вазорат.
Селидово шаҳрест, ки дар хати ҷабҳаи Селидово-Новогродовка-Гродовка ҷойгир аст, ки аз он роҳ ба дигар шаҳри муҳим Покровск барои нерӯҳои Русия боз мешавад. Илова бар ин, артиш имкон пайдо мекунад, ки аз пушти артиши Украина ҳамлаҳо анҷом диҳад.
Нерӯҳои Русия бори аввал ин шаҳри дорои 24 ҳазор нафарро амалан муҳосира карданд.
Қаблан рӯзи сешанбе маълум шуд, ки артиш боз се деҳаи дигардар ҶМД Катеринивка, Доброволье ва Горнякро озод кардааст. Аз ҷумла, як хати муҳими роҳи оҳан, ки аз он мегузарад ва цисми зиёди нерӯҳои Украина дар Донбассро таъмин мекард тащти контрол гирифтааст. Озод шудани Горняк ба саноати ангишти Украина зарари калон мерасонад.
Шаҳри калидӣ барои Киев дар ҶМД Покровск (Красноармейск) мебошад. Ин як маркази муҳими таъминоти моддӣ мебошад, ки ба воситаи он нерӯҳо аз Запорожие интиқол дода мешаванд.