Толибон* дар Афғонистон занонро аз сӯҳбат бо занони дигар манъ карданд

Толибон* дар Афғонистон дар баробари хушунатҳои беохир алайҳи занон, ин бор дастур додаанд, ки онҳо бо ҳам суҳбат накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Афғонистон ба занон суҳбат дар байни омма на танҳо бо мардон, балки бо занон низ манъ карда шуд.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ дар такя ба як қарори вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати Толибон* Муҳаммадхолид Ҳанафӣ хабар медиҳанд.
Ба асоси дастурот ба занони калонсол иҷозаи шунидани садои онҳо аз тарафи дигар занони болиғ манъ карда шудааст. Ҳамин тавр, занон бояд аз хондани Қуръон дар ҳузури занони дигар низ худдорӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки ин мамнуъияти аввалин барои занон дар ин кишвари ҷангзада нест.
Аз замони расидани гуруҳи Толибон ба қудрат, аз моҳи августи соли 2021, ба занон дар Афғонистон таҳсил, сафар кардан бе ҳамроҳии мард ва суҳбат дар назди мардум, бахусус бо мардон манъ гардида буд.
СММ шарти шиносоии ҳукумати Толибонро* гуфт
Ба онҳо рафтан ба боғҳо, оббозӣ ва ба ягон намуди варзиш машғул шудан иҷозат дода намешавад.
Толорҳои зебоӣ низ барои бонувон куллан манъ карда шуданд. Паноҳгоҳҳои занон баста шуданд ва қонун дар бораи хушунат бар зидди занон бекор карда шуд.
Занонро аксар вақт барои “рафторҳои ғайриисломӣ”, ки ба ин “айбнома” ҳама чиз метавонад дохил шавад, дар назди омма латукӯб ва маҳбус мекунанд.
Ин дарҳолест, ки аз гуруҳ тамоми созмонҳои байналмилал ва давлатҳо даъват мекунанд, ки ба ҳуқуқи занон эҳтиром гузошта шавад, аммо дар ин муддати ҳукмронии Толибон* дида мешавад, дар сатҳи расмӣ хушунат ба болотарин ҳад мерасад.
*-Гуруҳ барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад