Раиси Сипоҳ ба Исроил гуфт, ҳамла ба Эрон пайомадҳои талх хоҳад дошт

Раисҷумҳури Эрон низ дар як ҷаласаи фаврӣ таъкид бар ҳаққи Эрон барои вокуниш ба ҳамлаи режими Исроил кард ва гуфт, ки посухи муносиб медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон ноумедии Тел-Авивро нишон медиҳад, ин ҳамла барои Исроил "оқибатҳои ғайричашмдошти талх" хоҳад дошт.
Дар ин бора фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, генерал-майор Ҳусейн Саломӣ изҳор дошт.
Раисҷумҳури Эрон низ дар як ҷаласаи фаврӣ таъкид бар ҳаққи Эрон барои вокуниш ба ҳамлаи режими Исроил кард.
Ӯ гуфт, мо дар пайи ҷанг нестем, балки аз ҳуқуқи миллат ва кишвари худ дифоъ хоҳем кард ва гуфт, ки ба ин таҷовуз посухи муносиб медиҳем.
Сайид Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон дар як тамос бо ҳамтои бритониёияш Дэвид Ламми гуфт, ки ҶИ аз истифодаи ҳуқуқи қонунии худ барои дифоъ аз тамомияти арзӣ ва истиқлолияти миллии худ бар асоси принсипҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ тардид нахоҳад кард.
Раҳбари олии Эрон аз посух ба ҳамлаи Исроил гуфт
Вазири хориҷаи Бритониё дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба вазъи ваҳшиёнаи минтақа бар зарурати худдорӣ аз ҷонибҳо барои ноил шудан ба натоиҷи талошҳои феълӣ барои коҳиши ташаннуҷ ва ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг ва бесуботӣ дар ин минтақа таъкид кардааст.
Артиши Исроил шаби шанбе эълом карданд, ки дар чаҳорчӯби вокуниш ба ҳамлаҳои рӯзи 1 октябр ба мавзеъҳои низомӣ дар Эрон ҳамла кард.
Дар ҷараёни ин ҳамла, ба гуфтаи Исроил, корхонаҳои мушакӣ, системаҳои мушакии "замин ба ҳаво" ва иншооти дифоъи ҳавоӣ зери зарба қарор гирифтанд.
Дар ин амалиёт даҳҳо ҷанганда, ҳавопаймоҳои сӯзишворикаш ва иктишофӣ ширкат карданд.
Дар пайи ин ҳамалот ҳамзамон чаҳор низомии Эрон ҳалок шуданд.
Телавив иддао дорад, ки дар ин ҳамлаи тамоми иқтидори мудофиавии стратегии Ҷумҳурии Исломиро несту нобуд кардааст.