Хонандагону омӯзгорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд имкон доранд ба ин марказ омада ба таври ройгон донишу савод ва дараҷаи забондонии худро сайқал диҳанд
Маркази таълимии Русия дар ноҳияи Ашт дар заминаи мактаби “Нури Раҳмон” аз ҷониби Россотрудничество ифтитоҳ гардид. Зимнан ин дуюмин Маркази омӯзишии Русия дар вилояти Суғд маҳсуб мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт рафт ва ҷараёни ифтитоҳи ин маркази омӯзиширо ба навор гирифт.
Дар маросими фаолшавии ин марказ, консули генералии Русия дар Хуҷанд, Сергей Ланкин ва роҳбари Хонаи русӣ дар Хуҷанд, Татяна Мудрова ба ноҳияи Ашт сафар карданд.
Татяна Мудрова гуфт, Ашт яке аз ноҳияҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва ҳаммарз бо кишвари Ӯзбекистон маҳсуб шуда дорои имкониятҳои фаровони илмию истеҳсолӣ мебошад.
“Мо хеле хушнуд аз он ҳастем, ки ин дуюмин Маркази омӯзиши забон ва фарҳанги Русия дар ин ноҳия боз шуд. Ин марказ барои ҳама, хусусан ба онҳое, ки азми таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро доранд, имкониятҳои фаровони азхудкунии фарҳанг ва забони кишвари Русияро фароҳам меоварад” – таъкид кард мавсуф.
Масъулони ҳукумати ноҳияи Ашт, хоса коллективи соҳаи маориф ифтитоҳи чунин як маркази омӯзиширо барои толибилмону омӯзгорон ҷиҳати аз бар намудани забони русӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Дар расми ифтитоҳи марказ иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар ноҳияи Ашт 75 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 34 ҳазор толибилм амал мекунад. Ин теъдод толибилмон ҳамроҳи устодони худ аз имкониятҳои Маркази омӯзишии Русия истифода баранд.
Омӯзгорон, толибилмону волидон ҳама аз фаъолшавии чунин Маркази омӯзишии Русия дар ноҳияи Ашт – дурдастарин ноҳияи шимоли Тоҷикистон изҳори шодмонӣ мекарданд.