Таҳдидҳои ҷаҳонӣ, иқлими Фаластин: чизи асосӣ аз суханронии Раҳмон дар нишасти БРИКС

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар нишасти сарони БРИКС аз мушкилот ва таҳдидҳои умдаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ном бурд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Воқеияти ҳозираи вазъияти байналхалқӣ муҳим будани мавзӯи ҷаласаи машваратии моро — "Сохтмони якҷояи ҷаҳони бехтар"-ро тасдиқ мекунад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони БРИКС изҳор дошт.
"Мусаллам аст, ки расидан ба ин ҳадаф танҳо тавассути таҳкими ҳамкориҳои баробарҳуқуқи байнидавлатӣ ва хоҳиши муштараки кишварҳои мо барои ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ имконпазир аст", - гуфт роҳбари Тоҷикистон.
Ба таъкиди ӯ, имрӯз беш аз ҳарвақта муттаҳид кардани талошҳо барои таъмини сулҳу амнияту субот ва ноил шудан ба рушди устувор зарур аст.
Буҳрони Фаластин дар меҳвари нишасти БРИКС: кӣ чӣ гуфт?
"Имрӯз мо шоҳиди равандҳои зиддунақизи геополитикӣ ҳастем, ки дар баробари ин таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, радикализм, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ афзоиш меёбанд", - таъкид дошт Раҳмон.
Вай афзуд, ки ба ин таҳдидҳо танҳо бо стратегияи дақиқ ва пайгирона муқобила кардан мумкин аст. Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин чолишҳо мебошад.
"Тоҷикистон аз густариши вазъи ниҳоят манфӣ дар Ховари Миёна, ташдиди муноқишаи Фаластин-Исроил изҳори нигаронӣ карда, аз ҳама ҷонибҳои манфиатдор даъват мекунем, ки аз зуҳуроти минбаъдаи зӯрӣ худдорӣ кунанд ва барои барқарории сулҳ чораҳои фаврӣ андешанд",- қайд кард президент.
Раҳмон афзуд, Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси давлати мустақили Фаластин дар марзҳои соли 1967 аст.
Сарвари Тоҷикистон дар идомаи суханронӣ изҳор дошт, ки як қабати дигари мушкилот ба паёмадҳои тағйири иқлим марбут аст.
"Офатҳои табиӣ ҷони инсонҳоро гирифта, моро маҷбур мекунанд, ки барои рафъи оқибатҳои онҳо маблағҳои зиёд ҷудо кунем", - гуфт Раҳмон.
Дар Осиёи Марказӣ обхезӣ боиси кам шудани майдони пиряхҳо ва захираҳои обии минтақа мегардад. Дар шароити тағйирёбии иқлим хушксолӣ ҳамчун яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ барои тамоми кишварҳо, аз ҷумла барои минтақаи Осиёи Марказӣ оқибатҳои манфӣ дорад.
Ҳамос аз Русия хост, ки Аббосро муколамаи ваҳдати миллӣ ташвиқ кунад
Раҳмон гузариш ба рушди иқтисоди “сабз”-ро ниҳоят муҳим хонд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон кишварҳои БРИКС-ро ба ширкат дар конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад, даъват кард.
Нишасти сарони БРИКС рӯзи 22 октябр дар Қазон оғоз шуда, 24 октябр ба поён мерасад. Имсол раисии ин иттиҳодияро Русия бар уҳда дорад.
БРИКС қаблан Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Русия ва Африқои Ҷанубиро дар бар мегирифт. Аз 1 январи соли равон ба ин иттиҳодия Миср, Эрон, АМА, Арабистони Саудӣ ва Эфиопия шомил шуданд. Дар маҷмӯъ, ҳайатҳои вакилони 36 кишвар, ки 22-тои онҳоро сарони давлатҳо ва шаш созмони байналмилалӣ намояндагӣ мекарданд, ба Қазон омаданд.