Дар Қазон нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад

Дар нишасти БРИКС дар Қазон раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок дорад. Ӯ субҳи 23 октябр вориди Қазон шуд
Sputnik
Дар Қазон, дар маркази намоишгоҳи "Қазон Экспо" таҳти раёсати раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нишасти сарони БРИКС ҷараён дорад. Он аз мулоқот дар доираи танг оғоз ёфта, сипас дар ҳайати васеъ идома ёфт.
Раҳбари Русия пешниҳод кард, ки мушкилоти ҷаҳонӣ ва низоъҳои минтақавӣ дар нишасти маҳдуди БРИКС баррасӣ шавад.
Нишасти БРИКС дар Қазон, ки бо ҳузури намояндагони 36 кишвар ва шаш созмони байналмилалӣ рӯзи 22 октябр оғоз шуд.
Раҳмон озими Қазон шуд
Ҳамоиш як чорабинии ниҳоӣ дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Русия дар ин иттиҳодия хоҳад буд, ки таҳти шиори таҳкими бисёрҷониба барои рушди одилона ва амнияти ҷаҳонӣ баргузор мешавад.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.