ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шоми рӯзи 22 октябр дар Варзишгоҳи пойтахт бозӣ миёни тими "Истиқлол" -и Душанбе ва дастаи "Ал-Ваҳдат" -и Урдун баргузор мешавад.
Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченко мегӯяд барои аз гуруҳ баромадан ба ҷуз ғалаба бар “Ал-Ваҳдат” чорае нест.
Ӯ дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ҳамагӣ ду ҳафта пеш ба ин симмат таъйин шудааст ва дар муддати кутоҳ тавонист каме вазъро дар даста тағйир диҳад.
Вай афзуд, ки тамрини кӯтоҳмуддат низ анҷом додаанд ва тимаш омодаи бозист, аммо рақобат душвор хоҳад шуд, зеро ҳариф пешсафи гуруҳ аст.
"Ин як бозии шашхолӣ хоҳад буд. Барои ба даври навбатии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баромадан мо бояд ғалаба кунем",- афзуд Черевченко.
Зимнан, ҳимоятгари тими "Истиқлол" Аҳтам Назаров низ аз мушкил будани бозиидарпешистода гуфт, вале мухлисонро бовар кунанд, ки тамоми кори аз дасташон меомадаро мекунанд то мухлисони худро шод кунанд.
"Тайёрии хуб дидем, омодаем ба майдон баромада, тамоми қувваи худро сарф кунем. Дар ду бозии пеш аз фурсат истифода накардем ва натавонистем ба дарвозаи ҳариф гол занем. Ҳоло мо танҳо як фикр дорем, барои гирифтани се хол вориди майдон мешавем", - изҳор дошт Назаров.
Дар ҳамин ҳол, Рафат Алӣ Аҳмад Ҷабор, сармурабии тими "Ал-Ваҳдат" ҳам бар ин назар аст, ки ҳарду дастаро рақобати сангин дар пеш аст. Ӯ гуфт, тими "Истиқлол" дастаи қавӣ мебошад ва мисли онҳо кӯшиш мекунад то рақобатро бо пирӯзӣ анҷом диҳад.
"Ҳаматарафа ба ин вохурӣ омодаем ва ҳадафи мо ба даст овардани се имтиёз аст", - зикр намуд сармураббии "Ал-Ваҳдат".