Дар Хатлон ба маблағи 28 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст

То 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлоқ дар майдони 434 ҳазор гектар ғалла, пахта, сабзавот ва картошка кошта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон дар 9 моҳ 28,3 млрд сомониро ташкил дод.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11,5% бештар аст.
Чунончи, то 1 октябри соли 2024 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии қишлок дар майдони 434 ҳазор гектар зироатҳои хоҷагии қишлоқ кошта шудааст:
ғалла — 191,6 ҳазор гектар,
зироатҳои техникӣ - 132 ҳазор гектар,
пахта — 120,7 ҳазор гектар,
сабзавот — 39.765 ҳазор гектар,
картошка — 13.723 ҳазор гектар.
Таъкид гардид, ки кишти зироатҳои кишоварзӣ 6,6% таъмин шудааст.
Хатлон ва вилояти Ленинград самтҳои нави ҳамкориро меҷӯянд
Ёдовар мешавем, ки нимаи дуюми моҳи август дар ҷануби Тоҷикистон – дар вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз шуд.
Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то рӯзи 16 сентябр 26,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 8,9%-и нақшаи умумии вилоятро ташкил медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Дар Тоҷикистон пахтакорӣ қариб 20%-и аҳолии мамлакатро бо кор таъмин карда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагй мебошад.