ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Меморандуми имзошуда миёни Шӯрои соҳибкорони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи Чин оид ба мусоидат ба савдои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки монеаҳо бартараф карда шаванд ва робитаҳои тиҷорӣ байни кишварҳои узви созмон ҶМЧ боз ҳам инкишоф дода шаванд.
Дар ин бора котиби иҷроияи Шӯрои соҳибкорони ИИАО Сергей Михневич ба Sputnik хабар дод.
"Сухан на танҳо дар бораи табодули иттилоот оид ба шартҳои ҳамкорӣ, балки дар бораи ҳалли муштараки мушкилоти амалӣ - мусоидат дар рафъи маҳдудиятҳо, ташкили форумҳои гуногун, ЭКСПО низ меравад", - гуфт ӯ.
Ёддошти тафоҳумро раиси Иттиҳодияи саноатчиён ва соҳибкорони Русия, узви Президиуми Шӯрои тиҷоратии ИИАО Александр Шохин ва муовини раиси Кумитаи Чин оид ба мусоидат ба савдои байналмилалӣ Чжан Шаоган имзо карданд.
Қаблан дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ширкаткунандагон дар бораи барқарор кардани равобити зич миёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси сармоягузории Чин “Як камарбанд – як роҳ” пешниҳодҳо карда буданд.