ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Имрӯз рақобати финалии Ҷоми Тоҷикистон-2024 миёни “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд доир мешавад.
Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан соати 14:30 оғоз меёбад.
Дар бозӣ “Регар-ТадАЗ” ҳамчун мизбони рақобат барои бозӣ ранги сафед ва “Хуҷанд” ранги кабудро истифода мебаранд.
Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, Зайниддин Раҳимов, сармураббии "Регар-ТадАЗ" гуфт, ки барои ҷом тамоми иконотро сарф хоҳанд кард.
"Расо 12 сол мешавад, ки "Регар-ТадАЗ" Ҷоми Тоҷикистонро ба даст наоварда буд. Фурсати ислоҳ кардани вазъият фаро расид",- гуфт ӯ дар суҳбат бо хабанигорон.
Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Қаландаров, бозигари "Регар-ТадАЗ" мегӯяд, омодагиҳояшон хеле хуб аст.
"Рақиб ба андозаи кифоя омӯхта шуд ва танҳо барои ғалаба ба майдон хоҳем баромад",- таъкид кард мавсуф.
Сармураббии "Хуҷанд" Рустам Хоҷаев низ мегӯяд комилан барои рақобат омодаанд.
"Бозигарони мо руҳияи хуб доранд. Бале, Артём Сердюк иштирок карда наметавонад, аммо ҳамзамон мо 23 бозигари моҳир дар ҳайат дорем",- афзуд вай дар нишасти хабарӣ.
Нозим Бобоҷонов, бозигари "Хуҷанд" бошад мегӯяд, бозӣ бо "Регар-ТадАЗ" барояш вижа хоҳад буд, чун дастпарвари ин бошгоҳ аст.
"Аз шаҳри Хуҷанд мухлисони зиёд хоҳанд омад барои дастгирии мо, ин чиз хурсандибахш аст. Онҳо ба мо қувваи иловагӣ мебахшанд".
Дар ҳамин ҳол сарпарастони бошгоҳи "Хуҷанд" ваъда додаанд, ки агар тими зери ҳимояашон баранда шавад, 100 ҳазор сомонӣ ҷоиза хоҳад гирифт.