Ҷоизаи асосии ин ҷашнвораро филми "Моҳи дар шаст" соҳиб шуд.
Филми мазкурро "Тоҷикфилм" ва "ДОВфилм" якҷоя бо ширкати русии "Амкарт" ва ширкати телевизионии эронии iffilm сохтаанд.
Қаҳрамони аслии филм Далери 10-сола хонандаи мактаб-интернат аст, ки барои мулоқот бо модараш тамоми Тоҷикистонро тай мекунад.
Дар ин чорабинӣ ҳакамон ҳамчунин беҳтарин филмҳои мустанад, кӯтоҳ, аниматсионӣ ва дебютӣ, беҳтарин нақшҳои мардона, занона ва кӯдакона, беҳтарин муҳандиси садо, наворбардор, коргардон, монтаж ва тарроҳӣ ва ҳамчунин тамошобинонро муайян намуданд.
Имсол дар Ҷашнвораи "Тоҷи Сомон" беш аз 50 филми бадеӣ, кӯтоҳ, мустанад ва тасвирӣ пешниҳод гардиданд.
Беҳтарин лаҳзаҳои ҷашнвораро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба навор гирифт.