Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт

Sputnik
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия баргузор гардид.

Бар хабари Вазорати фарҳанги Русия чорабинӣ аз 16 то 18 октябр дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ин чорабиниро РОСКИНО бо дастгирии Вазорати фарҳанги Русия ташкил кардааст.
Дар барнома филми услуби "Поехавшая" -и коргардон Антон Маслов, мелодрамаи "Ман қадам мезанам"-и Олга Акатиева, инчунин "Комедияи фарҳангӣ" - филми нави режиссёри Владимир Котт дар соли 2024 ба намоиш гузошта мешаванд.
Таҷлили 1035-солагии "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Маскав – видео
Бояд гуфт, рӯзҳои синамои Русия дар доираи чорабиниҳои Ҷоизаи II миллии синамои "Тоҷи Сомон", ки аз ҷониби Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. сурат мегирад.
Ба ҷуз аз Рӯзҳои синамои Русия, дар ҷоизаҳои синамо намоиши филмҳои Тоҷикистон, Эрон ва Белорус низ дар назар аст.