Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзуд

Ба иттилои муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумҳурӣ асосан содироти нахи пахта, меваю сабзавот ва меваи хушк ба Русия зиёд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 30% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора ба хабаргузории "Известия" бо истинод ба муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ хабар дод.
"Дар нӯҳ моҳи соли равон содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия беш аз 30% афзуд. Дар баробари ин воридот аз русия ба Тоҷикистон низ ба фарқ аз ҳамин давраи соли гузашта 38% зиёд шудааст", - тавзеҳ додааст Анварӣ.
Муовини вазир таъкид кард, ки Тоҷикистон интиқоли нахи пахта ба Русия 62%, меваю сабзавот 47% ва меваи хушкро 60% афзоиш додааст.
Анварӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҳамкорӣ бо Русияро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ мустаҳкам кунад ва аз ин бештар маҳсулотро содирот кунад.
“Шарики асосӣ”: содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия
Қаблан, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, Баҳриддин Сироҷиддинзода дар нишасти хабарӣ Русияро кишвари асосӣ барои содироти тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон номид.
Ӯ гуфт, саҳми Русия дар харидории маҳсулоти Тоҷикистон аз рӯи арзиш қариб ба 50% расидааст.