ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Санкт-Петербург муқобили манъ кардани муҳоҷирон аз кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ баромаданд.
Аз ҷумла Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт ва зерсохтори нақлиётӣ муқобили манъи кори муҳоҷирон дар ин соҳа шуд.
Далели аслӣ алайҳи тасмими маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург ин камбуди нерӯи корӣ арзёбӣ шуд.
Аз ҷумла эълом шуд, ки саҳми муҳоҷирон дар бахши нақлиёт ҳудуди 20% буда, дар маҷмӯъ камбуди ронандагон аз 25% зиёд шудааст.
Аъзоёни Комиссияи парлумонӣ оид ба рушди нақлиёт бар ин назаранд, ки бо хориҷ кардани муҳоҷирон аз бозор ин соҳа дар Петербург хароб хоҳад шуд.
Дар баробари ин аъзоёни комиссия пешнидод карданд, ки барои рафъи камомади ронандагон бояд масъалаи баланд кардани ҳақмузди онҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.
Қаблан Вазорати меҳнат ибтикори тағйири низоми феълии ҷалби муҳоҷирон ба кор дар Русия ва аз ҷумла, даст кашидан аз вуруди озоди онҳо ба кишварро ба ӯҳда гирифта буд.