Мунтахаби Тоҷикистон аз идомаи мубориза барои қаҳрамонӣ дар King's Cup 2024 бенасиб шуд

Мунтахабюи Тоҷикистон аз тими Филиппин шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа дар King’s Cup 2024 бенасиб монд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии King’s Cup 2024 аз тими Филиппин шикаст хӯрд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки пас аз шикаст бо ҳисоби 0:3 аз мунтахаби Филиппин футболбозони тоҷик сабқати Тайландро тарк карданд.
Мубориза барои ҷои сеюм дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми King's Cup 2024 буд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи шаҳри Сонгхлаи Тайланд баргузор шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре федератсия хабар дод, тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи Тайланд бо ҳайати оптималӣ баромад накард. Як қатор роҳбарони тими миллӣ бо сабабҳои гуногун дар ҳайати даста ҳозир набуданд.
Сабаб чист?: Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозӣ бо дастаи Русия даст кашид
Ҳамзамон, ситоди мураббиён ба ҳайати мунтахаби кишвар як идда бозигари ҷавонро ҷалб кардааст, ки моҳи сентябри соли оянда дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои олимпии то 23-сола ширкат хоҳанд кард. Т
амринии навбатии тими миллии Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА дар моҳи ноябр баргузор мешавад. Дар майдони худ ду бозии дӯстона ба нақша гирифта шудааст.
King's Cup 2024 як мусобиқаи байналмилалии футбол байни мардон аст, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Тайланд ташкил карда мешавад. Дар соли 2024 он бори 50-ум баргузор шуд.