ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тарҳи нави Қароргоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хубар додааст.
“Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нав хоҳад шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо масъулини соҳаи сохтмон, лоиҳакашону меъморон тарҳи нави бинои Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷандро баррасӣ кард.
Қайд карда шудааст, ки бинои қароргоҳ бо назардошти санъати меъмории миллӣ сохта мешавад.
“Иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд. Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад”, - қайд кардааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба лоиҳакашону меъморон барои омода намудани лоиҳаи биноҳои сохташаванда, саҳн ва атрофи иншоот, ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ дар вақти таҳияи лоиҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.