Финали тоҷикӣ дар Abu Dhabi Grand Slam: Тилоро Маҳмадбекову нуқраро Шеров гирифт

Медали Шеров дастоварди дуввум барои Тоҷикистон дар ин мусобиқа гардид ва ҳамчунин се паҳлавони дигар барои дастовард мубориза мебаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Рӯзи дуввуми рақобатҳои Abu Dhabi Grand Slam 2024 ҷолибу мондагор доир шуд.
Дар қисми ниҳоии рақобатҳои варзи то 73 кило тоҷикон Махмадбек Махмадбеков ва Абубакр Шеров вориди сабқат шуданд, ки аввали аз номи АМА ва дуввуми Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
Ҳамин тариқ дар финали мусобиқа, ки рақобати шадид доир шуд, Махмадбеков тилову Шеров нуқраро ба даст овард.
Абубакр Шеров то расидан ба финал, аввал намояндаи Молдова Андриан Весте, дуввум Гиорги Терашвилии гурҷӣ, саввум намояндаи Русия Данил Лаврентев ва барои роҳ ёфтан ба финал ҷудокори ҷопонӣ Татсуки Ишиҳараро шикаст дод.
Маҳмадбеков, ёдовар мешавем, чанде пеш ба тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб пайваст ва аввалин рақобаташро бо тило оғоз кард.
Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи бйналмилалии ҷудо “Abu Dhabi Grand Slam”
Дар ин рӯз ҳамчунин намояндаи дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) вориди сабқат шуд, аммо дар даври аввал аз ҷудокори гурҷӣ Георгий Чихелидзе мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро ҷудокор Обид Ҷебов зери вазни то 66 кг муаррифӣ кард, ки дар ниҳоят медали биринҷӣ ба даст овард.
Ӯ дар даври аввал озод буд, аммо дар марҳилаҳои баъдӣ ҷудокори филиппинӣ Алвин Мендозаро шикаст дод ва дар набард бо Мурод Чопанови русиягӣ ноком гардид ва ба даври тасаллобахш рафт.
Дар ин давр Ҷебов бо Тео Ҳебрарди фаронсавӣ пирӯз шуду, барои биринҷӣ бо Эрхембаяр Баттогтохи муғул вориди сабқат шуд ва дар ниҳоят пирӯз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқа 219 ҷудокор (150 мард, 69 бону) аз 29 кишвари ҷаҳон иштирок доранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш паҳлавон намояндагӣ мекунад, ки ҳамакнун дар вазни то 90 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов ва дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов дар давраҳои баъдӣ вориди сабқатҳо мешаванд.