ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки музокирот аз 7 октябр то 13 октябри соли 2024 идома ёфт.
"Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд", - гуфт манбаъ.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баррасиҳоро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
КДАМ ҷузъиёти бештар аз машварати намояндагони ду ҷонибро нашр накарда, танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст - ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.
Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.
Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.