Дар Душанбе намоишгоҳи байналмилалии TajBuld 2024 ҷараён дорад - видео

Самтҳои асосии TajBuld 2024 соҳаҳое ба мисли сохтмон, меъморӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизоти махсус буданд
Sputnik
Зиёда аз 70 корхонаи саноатӣ маҳсулоти худро намоиш дод. Иштирокчиён аз Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия, Чин ва Эрон маҳсулотро намоиш дода, лоиҳаҳои худро муаррифӣ карданд.
"Ҳамкории мо бо Тоҷикистон тавсеъа хоҳад ёфт, имкон дорад, ки тавлидоти муштарак, аз ҷумла тавлиди филтрҳо барои тоза кардани об эҷод шавад", - гуфт Виктор Марков, мудири молии ширкати "Аквабрайт".
Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
Самтҳои асосии TajBuld 2024 сохтмон, меъморӣ, коммуникатсияҳои муҳандисӣ ва таҷҳизоти махсус мебошанд.
Чорабинӣ на танҳо майдони намоиши дастовардҳо дар соҳаи сохтмон, балки майдони робита ва ҳамкориҳои касбӣ мебошад, мегӯянд таҳигарони он.