Раҳмон вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши байналмилалӣ бо сафари корӣ ба Туркманистонсафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ишқободи Туркманистон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Ишқобод Президенти Тоҷикистонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев ва дигар намояндагони воломақом самимона пазироӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири маъруфи туркман Махдумқулӣ Фироқӣ зери унвони "Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу инкишоф" иштирок менамоянд.
Раҳмон ба Матвиенко: Ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар омили муҳими густариши робитаҳост
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар раисҷумҳури Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Бояд қайд кард, ки 4-5 апрел сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон сурат гирифт.
Зимни сафараш ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд